Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market London 2022» ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода бо шумули муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, инчунин намояндагони 12 ширкати хусусии ватанӣ дар самти сайёҳӣ ва пешбурди он иштирок доранд.


Намоишгоҳи «World Travel Market London» то 9 ноябр идома ёфта, дар он дар баробари Тоҷикистон зиёда аз 100 кишвари дигар имконятҳои сайёҳии худро ба маъраз гузоштаанд.


Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур аз соли 1980 инҷониб ҳамасола дар шаҳри Лондон баргузор гардида, бо ҷамъ овардани доираи васеи мақомоти рушди сайёҳии кишварҳо аз саросари ҷаҳон ва ширкатҳои сайёҳиву тиҷоратӣ ва ҳавопаймоӣ, барои истиқрори муносибатҳо ва рушди баъдии соҳа ҳамчун заминаи хуб хидмат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ









Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид






