Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд

Ноябрь 23, 2026 16:01

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс-Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём силсилачорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд

Чорабиниҳо бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони вазорати фарҳанг, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, олимону донишмандон ва ҳунармандони тоҷик гузаронида мешаванд.

Дар доираи барномаи мазкур чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

23 ноябр — Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ», инчунин маросими ифтитоҳи намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём.

24 ноябр — Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳаммияти ҷаҳонӣ ва пажуҳишҳои муосир», инчунин зиёфати расмӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

25 ноябр — барномаи фарҳангӣ ва консерти ҳунармандони тоҷик дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо мақсади муаррифии мероси ғании мусиқӣ ва анъанаҳои ҳунарии халқи тоҷик.

27 ноябр — консерти ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Париж.

Дар доираи чорабиниҳои мазкур мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Холид Ал-Анонӣ ва муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илм Дениз Пирес де Карвалиё дар назар аст. Дар чорабиниҳо иштироки намояндагони доираҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандон, муҳаққиқон ва аҳли фарҳанг пешбинӣ мегардад.

Ҳадафи асосии ин ташаббус муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ ва адабии Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, арҷгузорӣ ба саҳми таърихии онҳо дар рушди илму тамаддуни башарӣ, таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад.

Силсилачорабиниҳои мазкур дар қароргоҳи ЮНЕСКО барои таҳкими дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таъкиди нақши тамаддуни тоҷику форс дар рушди афкори илмӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ аҳаммияти хос доранд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2026 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд