Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд

Ноябрь 23, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Аммон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Мазен Ал-Фарая баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории  мутақобили судманди Тоҷикистон ва Урдунро мавриди баррасӣ қарор дода, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, ба хусус дар соҳаҳои амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат ба дигар таҳдиду хатарҳои муосир равона гардид. Дар ин замина аҳамияти тақвияти ҳамкории мустақим байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду малмакат, табодули таҷриба ва иттилоот, инчунин истифодаи имконияти мавҷуда барои ба роҳ мондани иқдомҳои муштараки амалӣ таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо инчунин ба зарурати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Урдун, пешгирии ҷалби онҳо ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва таъмини ҳамкории зичи мақомоти дахлдор дар ҳалли масъалаҳои ба миёномада таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Ноябрь 23, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд