Имрӯз дар ИМА интихобот оғоз мешавад: амрикоиҳо киро интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихобот доир мегардад. Амрикоиҳо Палатаи намояндагон, сеяки сенат, маҷлисҳои қонунгузор ва раисони шаҳрҳояшонро дар бисёр иёлатҳо интихоб менамоянд. Натиҷаҳои онҳо ногузир ба ду соли минбаъдаи президентии Ҷо Байден ва сиёсати ӯ таъсири амиқ мегузоранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВВС.
Ин интихоботро маъмулан миёнадаврӣ меноманд ва онҳо дар миёнаи давраи раёсати президентӣ баргузор мешаванд. Дар он президент интихоб намекунанд, вале дар системаи сиёсии Амрико на ҳама чиз ба президент вобаста аст ва интихобкунандагон бояд тасмим бигиранд, ки мансабҳои дигари интихобшаванда — аъзои Конгресс, сенаторҳо, губернаторҳо ва аъзои маҷлисҳои қонунгузори иёлотро киҳо ишғол мекунанд.
Бисёр иёлот маҷлисҳои қонунгузор, губернаторон ва котибони давлатии худро интихоб мекунанд. Ин амали муҳим барои интихоботи оянда дар соли 2024, замонест, ки Амрико президенташро интихоб мекунад.
Ҷо Байден чандин маротиба гуфта буд, ки номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ хоҳад намуд. На ҳама ба ӯ бовар доштанд; бисёриҳоро он чиз ба тааҷҷуб меорад, ки соли 2024, баъди интихобот сиёсатмадор ба синни 82 мерасад. Агар натиҷаҳои ин интихобот барои демократҳо хеле нобарор гарданд ва агар рейтинги Байден моҳҳои оянда барқарор нашавад, вай дар дохили ҳизб таҳти фишори шадид қарор гирифта, маҷбур мешавад, ки роҳро барои номзадҳои ояндадор боз намояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Reuters








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






