ҶОИЗАИ МУСИҚИИ БОБ. Ғолибони ин озмун муайян гардиданд

Ноябрь 26, 2022 20:55

ДУШАНБЕ, 26.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе консерти ниҳоии мавсими навбатии 5-уми Ҷоизаи мусиқии Боб (Bob’s Music Award) баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони он дар се номина: «Беҳтарин суруд», «Беҳтарин овоз» ва «Беҳтарин намоиш» диплому ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ супорида шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷоиза дар номинаи «Беҳтарин намоиш» ба Файзӣ Валид, шаҳрванди Афғонистон, намоянда аз шаҳри Ваҳдат, «Беҳтарин овоз» ба Шерзод Абдуллозода аз Панҷакент ва «Беҳтарин суруд» ба гурӯҳи «Black bands»-и шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, ғолибони даври ниҳоӣ намояндагони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Мад Дайз (Кабрера Стефания), Фахриддин Зиёдуллоев, Хайрулло Муродзода, Мамнуна Ҷалилова, Ҷаҳонгир Халилов, Миродил Муқимов, Ҳотамбек Ҳотамов, Муҳаммад Боқиев, Абдурауф Юсуфов, Фирӯз Раҷабов, Ҳамид Муродӣ, Асад Аҳмадов, Файзӣ Валид, инчунин Ёсамин Давлатшоева аз Роштқалъа (ВМКБ) ва Шерзод Абдуллозода аз Панҷакент (вилояти Суғд) мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки қабули дархостҳо барои ширкат дар мавсими 5-уми лоиҳа тобистони соли 2022 оғоз гардида буд. Давоми як моҳ ҳайати ҳакамон, ки аз навозандагони касбӣ, бастакорон ва продюсерҳо иборат аст, овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида, аз миёни довталабоне, ки ба шартҳои озмун ҷавобгӯ буданд, боҳунартарин номзадҳоро интихоб карданд.

Ба ҳайати ҳакамон ҳунарманди яккахони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, барандаи озмунҳои байналмилалӣ Шарофат Усмонзода, омӯзгори кафедраи композитсия ва хониш, партитураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, лауреати фестивалҳои байналмилалӣ Ҷасур Халилов, актёр, оҳангсоз, роҳбари бадеии гурӯҳи мусиқии «Шамс» Иқбол Завқибеков, коргардони мустақил ва арт-менеҷер, хатмкардаи Мактаби тиҷоратии Фаронса Кирилл Кузмин, сарояндагон Манижа Сангин, Ширинмоҳ Ниҳолова ва дигарон шомиланд.

Лоиҳаи «Ҷоизаи мусиқии Боб» аз ҷониби Маркази фарҳангии Бохтар бо кумаки донори аслии ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷони САИД (АКС)
АМИТ «Ховар» 

Ноябрь 26, 2022 20:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид