ШУМОРО «ҶОИЗАИ МУСИҚИИ БОБ» ИНТИЗОР АСТ! Дар Душанбе консерти ҷамъбастии мавсими 5-уми лоиҳа баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дӯстдорони санъатро боз санҷишҳои бебаҳои мусиқӣ — сурудҳои муаллифии сарояндаҳои ҷавону боистеъдод аз саросари Тоҷикистон интизоранд. 26 ноябр дар «Кохи Суруш»-и Душанбе консерти ниҳоии мавсими навбатии 5-уми Ҷоизаи мусиқии Боб (Bob’s Music Award) баргузор мешавад. Оғози консерт соати 17:00 аст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» созмондиҳандагони чорабинӣ дар Маркази фарҳангии «Бохтар».
Ёдовар мешавем, ки қабули дархостҳо барои ширкат дар мавсими 5-уми лоиҳа тобистони соли 2022 оғоз гардид. Давоми як моҳ ҳайати ҳакамон, ки аз навозандагони касбӣ, бастакорон ва продюсерҳо иборат аст, овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида, аз миёни довталабоне, ки ба шартҳои озмун ҷавобгӯ буданд, боҳунартарин номзадҳоро интихоб карданд. Ба ҳайати ҳакамон ҳунарманди яккахони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, барандаи озмунҳои байналмилалӣ Шарофат Усмонзода, омӯзгори кафедраи композитсия ва хониш, партитураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, лауреати фестивалҳои байналмилалӣ Ҷасур Халилов, актёр, оҳангсоз, роҳбари бадеии гурӯҳи мусиқии «Шамс» Иқбол Завқибеков, коргардони мустақил ва арт-менеҷер, хатмкардаи Мактаби тиҷоратии Фаронса Кирилл Кузмин ва дигарон шомиланд.
Аллакай номҳои ғолибони даври ниҳоӣ муайян гардидааст. Инҳо намояндагони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- Мад Дайз (Кабрера Стефания), Фахриддин Зиёдуллоев, Хайрулло Муродзода, Мамнуна Ҷалилова, Ҷаҳонгир Халилов, Миродил Муқимов, Ҳотамбек Ҳотамов, Муҳаммад Боқиев, Абдурауф Юсуфов, Фирӯз Раҷабов, Ҳамид Муродӣ, Асад Аҳмадов, Валид Файзӣ, инчунин Ёсамин Давлатшоева аз Роштқалъа (ВМКБ) ва Шерзод Абдуллозода аз Панҷакент (вилояти Суғд) мебошанд.
Ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоӣ барои унвони ғолибият дар се номина: «Беҳтарин суруд», «Беҳтарин овоз» ва «Беҳтарин намоиш» ҳунарнамоӣ мекунанд. Ғолибон бо диплом ва ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Лоиҳаи «Ҷоизаи мусиқии Боб» аз ҷониби Маркази фарҳангии Бохтар бо кумаки донори аслии ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Bob’s Music Award








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






