ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ МУТТАҲИДСОЗАНДА ДАР МАРҲИЛАИ НАВИН. Эъто ба рӯзи ин муқаддасоти миллӣ

Ноябрь 23, 2022 18:01

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парчам ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ ва мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Чунин тазаккур додааст сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор ЮСУПОВ дар мақолаи худ, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

— Таърих гувоҳ аст, ки 30 сол муқаддам қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраҳои ҳассоси таърихие рост омад, ки кишвари тозаистиқлоламон гирифтори буҳрони сиёсӣ гардида, ҳар лаҳза онро нестшавӣ таҳдид мекард.  Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ Парчами давлатӣ  ҳамчун рамзи муттаҳидсози миллату давлат қабул карда шуд.

Парчами миллӣ мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Бо дарки ҳамин муқаддасоти миллӣ ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ вакилони мардумӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Яъне Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он буда, ҷашни имсолаи он бо 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози миллат, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ҳамроҳ бо Рӯзи Президент ботантана таҷлил гардид, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро бӯса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Парчами давлатӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Ин аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муттаҳидсоз ва муаррифи милллату халқи Тоҷикистон қабул гардида, шурӯъ аз соли 2009 инҷониб ин санаи таърихӣ ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. «Дирафши Ковиёнӣ» ва ё «Ахтари Ковиёнӣ» ҳамчун нахустин рамзу тимсоли давлатдории ниёгонамон давоми ин ҳазорсолаҳо дар шаклҳои гуногун рамзофарӣ карда, рамзу асолати миллию давлатдориро таҷассум намудаанд.

Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 30 сол боз давлати Тоҷикистону халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили демократӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёр муаррифӣ менамояд, ифтихори ҳар соҳибватан аст.

Воқеан, дар Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кӯшоиши ҳар соҳибватан гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон, дар доираи мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ ба шарофати дастоварду комёбиҳои беназири соҳибватанонамон ҳамарӯза Парчами миллӣ парафшон мегардад.

Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳидоятгари сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва шукуфоиву сарсабзист.

Бинобар ин, ҳар яки мо, соҳибватанон вазифадор ва уҳдадор ҳастем, ки ҳомии ҳастӣ, устуворӣ ва пойдории Парчами давлатии худ бошем, зеро пойдорӣ ва парафшонии Парчам ҳидоят ба фардои ватани шукуфону дурахшон аст.

Абдуғаффор ЮСУПОВ,
сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2022 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад