Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Баҳор» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” боздид намуданд.
Зимни боздид аз хоҷагии моҳипарварӣ роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави инкубатсионӣ ва 40 ҳавзи навро муаррифӣ карданд.
Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ ватанӣ буда, барои ободу зебо кардани як минтақаи вайрону валангор ва ноободи соҳили дарёча истифода гардидааст. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна бо сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст.
Боиси зикр аст, ки имрӯз коргарони ҷавони хоҷагии моҳипарварӣ дар самти тайёр кардани кирминамоҳӣ дар бинои инкубатсионӣ таҷрибаи кофӣ аз худ карда, барои рушди соҳа ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ самаранок фаъолият доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” барои обод кардани як гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ изҳори сипос карданд.
Соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов уҳдадор шуд, ки оянда бо бунёди ҳавзҳои дигари моҳипарварӣ ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон






