Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Кения Уилям Рутто мулоқот карданд

Ноябрь 7, 2022 22:24

ДУШАНБЕ, 07.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Ҷумҳурии Кения муҳтарам Уилям Рутто мулоқот карданд.

Вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Кения доир гардида, дар рафти он масоили рушду густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқотро барои муҳокимаи дурнамои муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои вусъат бахшидан ба ҳамкории кишварҳо, тақвият додани заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба ва бисерҷонибаро дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид муҳокима намуданд.

Дастгирӣ кардани ташаббуси якдигар дар созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ омили муҳими таҳкими эътимоду боварии байни кишварҳо арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ба роҳбарияти олии Ҷумҳурии Кения ҷиҳати ҷонибдории пешниҳоду талошҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи обу иқлим изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Сарони давлатҳо ба вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои худ супориш доданд, ки барои вусъат бахшидан ба ҳамкории дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Кения Уилям Рутто 07.11.2022

Ноябрь 7, 2022 22:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон