РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-ҶАШНИ ПУРИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар ин бора

Ноябрь 16, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Тоҷикистон  Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз шуд. Бахшида ба ин сана ба унвонии АМИТ «Ховар» мақолаи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ворид гардид, ки пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  рушду инкишофи давлатдории навини тоҷикон,  таҳкими соҳибистиқлолӣ, эҳёи хотираи таърихӣ,  рушди илму маориф ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бақодории миллат саҳми босазо доранд.

Имрӯз, ки мову шумо дар арафаи ҷашни Рӯзи  Президент қарор дорем,  ин тақозои тақвияти ихлосмандӣ, муҳаббати бепоён ва ифтихору саодатмандии мардуми кишварро нисбат ба  Президенти муҳтарами кишвар баён  менамояд.

Маълум аст, ки 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Ибтидо аз ин рӯз дар рушду инкишофи минбаъдаи Тоҷикистони азизамон тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёри ҳуқуқбунёду демократӣ марҳилаи нави давлатдорӣ оғоз ёфта, мардуми кишвар роҳи идоракунии президентиро интихоб намуданд.

Ба андешаи мо, шакли идоракунии президентӣ ифодагари тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ, инъикосгари сохтор ва тартиби амалишавии муносибатҳои мутақобилаи мақомоти олии давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон мебошад, ки дар қиёс  ба  дигар кишварҳои аврупоӣ аз рӯи хусусияти хосси минтақавӣ фарқ мекунад. Зеро ба ҳама муноқишаву тазодҳои дохилии миллӣ нигоҳ накарда, сохти идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддие барои эҳё ва дигаргуниҳои куллӣ ва тағйири низоми арзишҳои миллӣ гардида,  ба рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ заминаи воқеӣ муҳайё карда тавонист.

Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Дар шароити мавҷудияти ҷумҳурии президентӣ дар низоми мақомоти давлатӣ нақши президент хеле барҷаста мебошад. Президент дар як вақт ҳам сарвари давлат ва ҳам раиси ҳокимияти иҷроия мебошад. Ҳукумат аз ҷониби президент ташкил карда мешавад ва танҳо ба ӯ итоат менамояд. Аъзои ҳукумат одатан аз ҳисоби аъзои ҳизби дар интихоботи президентӣ ғолибомада таъйин мегарданд.

Маълум аст, ки бори аввал шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ дар ИМА ҷорӣ гардида буд. Дар Аврупои Ғарбӣ ин шакли идоракунӣ мавқеи зарурӣ пайдо накард. Аммо дар давлатҳои Амрикои Ҷанубӣ, аз қабили Аргентина, Бразилия, Венесуэла, Боливия ҷумҳуриҳои президентӣ ташаккул дода шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шакли идоракунии давлатӣ ҷумҳурии президентӣ мебошад.

Рӯзи  Президент ҷашни пурифтихори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ  мебошад, ки на танҳо  рушди ҷаҳонбинию анъанаҳои   мардумро  афзун менамояд, балки  хизматҳои бесобиқаи  Президенти  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири давлатдории миллӣ ва баровардани кишвар аз буҳрони сахти  иқтисодию  иҷтимоӣ  ва сиёсӣ тақвият мебахшад.

Инчунин дар ҷашни Рӯзи Президент мо бояд  ҳифзи манфиатҳои миллии  Тоҷикистони  азизро  ҳамчун  неруи пешбарандаи рушди ҷомеа  ҳисобида, Президенти  мамлакатро   кафили пешрафти давлату миллат ва  эҳёгари  давлатдории  навини миллӣ  арзёбӣ намоем.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи Президент  ҷашни асосии  эътимоднокӣ  ва боварӣ доштан  ба  Президенти мамлакат ва  қадр намудани  хизматҳои  шоёни  ӯ  барои ҳифзи  давлату   миллати  тоҷикон мебошад.

Аз ин рӯ, бо истифода  аз фурсати муносиб, дар Рӯзи Президент бояд тамоми  фаъолияти  бунёдкорию созандагӣ ва хизматҳои  бесобиқаи Президенти кишварро ёдоварӣ ва арҷгузорӣ намоем, ки ин ҷашн на танҳо иди тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки  ҷашни тамоми тоҷикони  дунё  шинохта шавад. Зеро  хотима додан ба ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон   ва  наҷот бахшидани   давлату  миллат аз нестӣ- ҳама ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобастаю пайваста дониста мешавад ва  чунин ҳам ҳаст. Ҷашни фархунда муборак  бошад!

Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 16, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода