РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Анқара дар мавзӯи Конфронси оби СММ-2023 брифинг баргузор шуд

Ноябрь 25, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр сафоратҳои Тоҷикистон, Шоҳигарии Нидерландия ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Анқара дар мавзӯи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар бинои Намояндагии СММ дар Туркия брифинг баргузор намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Мақсуд иттиллоъ медиҳад.

Дар маросими кушодашавии он Сафири Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов, Сафири Нидерландия Ҷоеп Винандс, Ҳамоҳангсози доимии СММ Алваро Родригес, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу ва Сафир Айше Беррис Экинҷи иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ашарфҷон Гулов доир ба Конфронси оби СММ дар соли 2023, ки дар шаҳри Ню-Йорк 22-24 марти соли 2023 баргузор мегардад, маълумоти мухтасар пешниҳод кард. Ҳамзамон дипломати тоҷик иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” шинос намуд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар баробари ташаббуси мазкур нисбат ба пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳаматарафа кор бурда мешавад.

Дар брифинг вобаста ба муҳтавои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, раванди омодагӣ ба конфронс, барнома, консепсия, инчунин дигар паҳлуҳои он аз ҷониби масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Ҳолланд рӯнамо пешниҳод гардид.

Дар доираи 2 панели алоҳидаи чорабинӣ вобаста ба имконияту мушкилиҳои обу иқлим, энергияи сабз ва интизориҳои ҷонибҳо аз конфронси мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар маҷмӯъ дар брифинги мазкур зиёда 120 нафар, аз ҷумла кормандони корпуси дипломатии муқими Туркия, масъулини сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва коршиносони соҳаи обу иқлим аз Тоҷкистон, Туркия ва Ҳолланд дар шакли ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.

Пас аз анҷоми брифинг мусоҳибаи сафир бо Агентии иттилоотии «Анадолу» дар мавзӯи ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва корҳои тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2023 доир шуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд