Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд муҳтарам Марк Рутте мулоқот намуданд

Ноябрь 7, 2022 21:39

ДУШАНБЕ, 07.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд муҳтарам Марк Рутте мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот дурнамои робитаҳои ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Подшоҳии Нидерланд, ки моҳи июли соли 2022 аз барқароршавии он 30 сол пур шуд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар давраи кунунӣ имкониятҳои зиёд ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, молия, сайёҳӣ, ҳамчунин, иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус маориф вуҷуд доранд.

Зимни мулоқот оид ба истифодаи зарфиятҳои сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Нидерланд, инчунин таҷрибаи ғании ширкатҳои он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, туризм, фанновариҳо ва технологияҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҷонибҳо ҳамкории судмандро дар татбиқи рӯзномаи СММ оид ба масъалаҳои об, ки дар он Тоҷикистон ташаббускори асосӣ шуморида мешавад, махсусан қайд намуда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҳамраисӣ намудани Конфронси СММ оид ба татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор – 2018-2028”-ро моҳи марти 2023, изҳор намуданд.
Мулоқот бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте 07.11.2022

Ноябрь 7, 2022 21:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Миллат пешвоси муҳтарам Эмомали Раҳмоннинг БМТ «2027-2036 йиллар, Келажак авлодлар учун тинчликни мустаҳкамлаш халқаро ўн йиллиги» номли резолюциясининг қабул қилиниши ва Миллий бирлик куни муносабати билан табриги
Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд