Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узв ва нозири СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узв ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкорӣ бо кишварҳои узв ва нозири СҲШ ҳавасманд буда, дар замони муосир татбиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коркард ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 саривақтӣ мебошад.
Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, маориф ва илм, иқтисод, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим ва амният мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба рушд бахшидани ҳамгироии кишварҳои узв ва нозири СҲШ фикру мулоҳизаҳои судманд байён карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






