Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 18-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.
Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ миёни ду минтақаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ- иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.
Инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифт.
Акс: ВКХ ҶТ








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






