Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср дар нишасти матбуотии пешвоёни Эътилофи обу иқлим иштирок намуд

Ноябрь 9, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 09.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-  Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотии пешвоёни Эътилофи обу иқлим, ки дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР27) баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ саҳми ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва ҳалли ҳамгироёнаи онҳо зикр карда, аҳаммияти пешниҳоди навбатӣ оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷиҳати такон бахшидан ба андешидани тадбирҳои дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо таъкид намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар доираи талошҳои муштарак барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк бо мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлим ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои асосии Конфронс пешниҳод шуда, он мавриди пуштибонии ҳамагон қарор гирифтааст.

Ин мавзӯъ дар меҳвари таваҷҷуҳи Павилиони Тоҷикистон ва Павилиони об дар ҳошияи Конфронси Шарм-уш-Шайх қарор гирифта, то баргузории Конфронси оби СММ ташкили чорабиниҳои зиёди алоҳида ба нақша гирифта шудааст.


Дар фарҷом Пешвоёни Эътилофи обу иқлим паёми худро ба пешсафони миллӣ ва сарони кишварҳои иштирокдори иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР27) ироа намуданд.

Инчунин дар он Мудири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳани Севилам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Эътилофи обу иқлим дар нишасти сеюми худ дар Душанбе моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи Конфронси дуюми оби Душанбе Нақшаи амали пешвоёни Эътилофро тасдиқ карда, он 6 иқдому ташаббуси мушаххасро барои мусоидат ба суръат бахшидан ба амалҳо дар ин самт дар бар мегирад.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 9, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд