ЗАХИРА БАРОИ ДАВРАИ ЗИМИСТОН. Дар Душанбе 15 ярмаркаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил гардид

Ноябрь 21, 2022 14:39

ДУШАНБЕ, 21.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд. Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҷараён доранд. Барои таъмини маҳсулот дар нуқтаҳои мазкур 38 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши 39 ҳазору 161,0 тонна маҳсулот мавҷуд мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов хабар дод.

Абдусалом Нозимов иброз намуд, ки ярмаркаҳои мазкур тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии дастархони мардум дар давраи тирамоҳу зимистон доир карда мешаванд. Дар онҳо барои сокинон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, пиёз, сабзӣ, картошка, равған, гӯшти гову мурғ ва дигар меваҷоту сабзавот бо нархҳои дастрас пешниҳод гардидаанд.

Дар пойтахт чӣ миқдор маҳсулоти мавриди ниёзи аввал захира шудааст?

Абдусалом Нозимов гуфт, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли равон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022- 2023» барои ин давра нақша тасдиқ карда шудааст.

Иҷрои нақшаи захира то 17 ноябр чунин мебошад: пиёз ба миқдори 510,0 тонна, картошка- 2232,0 тонна, шакар- 5753,7 тонна, равғани растанӣ- 724,4 тонна, орд- 831,0 тонна, биринҷ- 8,2 тонна ва ангур ба миқдори 30,0 тонна.

Дар ин муддат нақшаи захира ба андозаи 62,1 фоиз иҷро гардида, захираи маҳсулот то охири моҳи декабр давом мекунад.

Дар Душанбе 38 адад сардхонаҳо фаъолият мекунанд

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ҳамзамон баҳри тару тоза нигоҳ доштан ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар айни замон дар шаҳри Душанбе 38 адад сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликият бо масоҳати умумии 23 ҳазору 141,0 метри мураббаъ ва бо ғунҷоиши 39 ҳазору 161,0 тонна маҳсулот фаъолият доранд.

«Бо мақсади захиракунӣ, риоя намудани тартибу қоидаҳои захирасозӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар айни замон дар сардхонаҳои хусусии дар қаламрави шаҳри Душанбе мавҷуда маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ то 1 ноябри соли 2022 ба миқдори 3 ҳазору 689,0 тонна захира гардидааст», — гуфт мутахассис.


Нархи маҳсулот дар ярмаркаҳои пойтахт — дастрас

Тибқи иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,9 дарсад коҳиш ёфтааст.

Сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов иброз дошт, ки баргузории ярмаркаҳои мазкур ба коҳиш ёфтани нархи бисёр маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидат намудааст. Аз ҷумла, дар айни замон нархи маҳсулот дар ярмаркаҳои пойтахт чунин мебошад: як халта орд 290 сомонӣ, як кг картошка 3,5 сомонӣ, як кг пиёз 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 20 сомонӣ, шакар 8,4 сомонӣ муайян гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2022 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад