«ЗАНОН, СУЛҲ, АМНИЯТ ВА МАСОИЛИ МАРБУТ БА ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи сулҳи СММ иштирок намуд

Ноябрь 15, 2022 11:59

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 ноябр тибқи даъвати муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода бо ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи сулҳи СММ таҳти унвони «Занон, сулҳ, амният ва  масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ва вазъи занон дар Осиёи Марказӣ» дар якҷоягӣ бо аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ  аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд.

Дар доираи иҷлосия Раиси Кумита Ҳилолбӣ Қурбонзода бо муовини Котиби генералии СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҷаҳонии рушд Розмари Дикарло оид ба пешбурд ва рушди сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйирёбии иқлим, бо ҷонишини якуми Котиби генералии СММ Амина Муҳаммад оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ, бо Раиси иҷлосияи 77-уми СММ Чабу Кёрёши оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, бо ҳамоҳангсози БРСММ дар ИДМ дар СММ Ивана Живкович оид ба сиёсати гендерӣ ва ҳамкории Кумита бо БРСММ дар Тоҷикистон мулоқоти судманд доир намуд.

Инчунин ҳайати Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мулоқот бо намояндагони Ҷумҳурии Демократии Мексика ва Ирландия, гурӯҳи ғайрирасмии коршиносони Шӯрои амният оид ба занон, сулҳ ва амният иштирок намуд.

Иштирокчиёни иҷлосия дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ оид ба ташаббусҳои миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими нақши занон дар пешгирии таҳдидҳои глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Хадаф аз баргузории иҷлосияи мазкур — таъмини иштироки фаъоли занон дар татбиқ ва ҳалли масъалаҳои занон, сулҳ, амният ва ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо занони ва оилаи ҲҶТ

Ноябрь 15, 2022 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст