35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон то ин ҷашни миллӣ 257 иншоот бунёд мегарданд

Декабрь 2, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 02.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бунёди 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, сохтмони 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ ва 205 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон хабар доданд.

Дар айни замон дар ноҳия дар 45 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд, ки 7 иншоот, аз ҷумла корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, маркази савдо ва хизматрасонии «Фарзона», бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, маркази саломатӣ дар деҳаи Охбулоқ, мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Тупхона ба масофаи 1 км, асфалтпўшонии роҳҳои маркази ноҳия, хатти оби нӯшокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳия ба масофаи 4 км мавриди истифода қарор дода шудааст. Мавриди ёдоварист, ки ноҳияи Балҷувон 2 феврали соли 1996 дар заминаи хурд кардани ноҳияҳои Ховалинг ва Темурмалик (собиқ ноҳияи Совет) таъсис ёфта, дар ин муддат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба муваффақияти бузург ноил гардид.

Дар ин давра дар ноҳия 37 иншоот дар соҳаи маориф бо фарогирии 2574 ҷойи нишаст ба истифода супорида шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони 16 мактаби миёна, сохтмони 10 таълимгоҳи асосӣ ва 11 дабистони ибтидоӣ мебошад.

Дар соҳаи тандурустӣ дар ноҳия 26 иншоот, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи қитъавӣ, 15 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази саломатӣ ва 1 адад Маркази байналмилалии «Тавонбахшӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.


Ҳамчунин дар ин солҳо дар Балҷувон 12 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла қасри фарҳангӣ дар маркази ноҳия, гулгашт дар маркази ноҳия, бинои маъмурии Матбаа ва рӯзномаи ноҳиявӣ, китобхонаи ноҳиявӣ дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”, осорхонаи мардумии ноҳия дар маркази ноҳия, осорхонаи таърихию кишваршиносӣ дар Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”, осорхонаи таърихии ҶБВ ба номи С.Турдиев дар Ҷамоати деҳоти “Балҷувон”, китобхонаи марказӣ дар деҳаи Сари мазори Ҷамоати деҳоти “Сафар Амиршоев”, оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ дар деҳаи Сари мазор, оромгоҳи Хоҷа Қутбиддин дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”, қалъаи таърихии Мири Балҷувон ва ғайра бунёд ёфтаанд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бинои комиссариати ҳарбӣ, чойхона дар деҳаи Сари мазор, маркази байналмилалии «Тавонбахшӣ», китобхона ва осорхона дар деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” мавриди истифода қарор дода шуданд.

Соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат дар маркази ноҳия бинои маъмурии шуъбаи маориф, шуъбаи таваллудхона дар деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” мавриди истифода қарор дода шуда, ба сохтмони роҳи мошингарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» ва бунёди 20 адад иншооти таъйиноти гуногун дар Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” санги асос гузошта шуд.


Соли 2019 дар ноҳия бо иштироки Пешвои миллат 11 иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Калтачинори Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”, корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант», роҳи мошингарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг», бинои маъмурии Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона барои 100 кӯдак, толори варзишӣ бо 144 ҷойи нишаст, тарабхонаи «Насими Балҷувон» ба истифода супорида шуданд.

Соли 2021 низ бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияи Балҷувон якчанд иншооти таъйиноташон гуногун — бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои маъмурии шуъбаи “Амонатбонк” №75, бинои Осорхонаи мардумӣ, бинои матбаа дар маркази ноҳия, бинои Маркази адлия, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, варзишгоҳи марказӣ бо 6000 ҷойи нишаст, тарабхонаи «Сайди Хосор», корхонаи коркарди асал дар деҳаи Шаидон, майдони Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.


Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади барқарор намудани анъанаҳои қадимӣ, ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди минтақа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2001 ноҳияи Балҷувон минтақаи сайёҳии байналмилалӣ эълон гардида, дар ин самт барномаи дахлдор қабул карда шуд.

Тавре Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Балҷувон 23 сентябри соли 2021 иброз доштанд, «ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи мавзеъҳои бостонии кишварамон буда, дорои таърихи қадимӣ, имконияти табииву истироҳатӣ, расму оини хосcаи меҳмоннавозӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. Мавҷудияти чунин захираҳо, инчунин чашмаҳои мусаффо, дарёҳои кӯҳӣ, гиёҳҳои нодиру шифобахш ва мавзеъҳои истироҳатӣ дар ҳудуди ноҳия ба рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат менамояд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Декабрь 2, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд