Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар Форуми кушоди дӯстии халқҳо дар Перм иштирок намуд

Декабрь 20, 2022 10:49

ТУРСУНЗОДА, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар  ҷараёни Форуми кушоди дӯстии халқҳо, ки  дар вилояти Перми Россия баргузор гардид, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби Котиби генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё бо Сипоснома «Барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ташаббуси эҷодӣ ва таҳкими дипломатияи мардумӣ» сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора   Абдуқаҳҳори  Қосим   ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Анҷумани халқҳои Россия ҳамчун ҳамкор-ташкилотчии форум баромад намуда, дар он намояндагони мақомоти ҳукумат, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, иштирокчиёни Озмуни I байналмилалии «Пешсафи дипломатияи мардумӣ» ва намояндагони 36 давлати дунё иштирок намуданд. 

Дар Форуми кушоди дӯстии халқҳо ва ҷаласаи панелӣ шоир ва рӯзноманигор Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчун идомадиҳандаи роҳи устод Мирзо Турсунзода иштирок намуда, оид ба таҷрибаи пешқадам аз фаъолияти худ дар ҳамкорӣ бо Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва ташкилоти байналмилалии ҷамъиятии дунё дар соҳаи санъату фарҳанг, оммавигардонии забон, адабиёт ва санъат, таҳкими эътимоди дустӣ ва ҳамкорӣ миёни халқҳо, ки беҳтарин дастоварди дипломатияи фарҳангӣ мебошад, сухан гуфт.

Абдуқаҳҳори Қосим иброз дошт, ки «дипломатияи мардумӣ роҳ ба ҷаҳони умед, муҳаббат ва пул миёни дилҳост. Ин роҳи сулҳу амонӣ, шаъну шараф ва фидокории инсоният аст. Дӯстӣ миёни мардуми дунё, ҳамфикрӣ ва муносибатҳои хирадмандона одамонро қонеъ мегардонанд ва сулҳу осоишро таҳким мебахшанд. Муттаҳид шудани садои мардуми ҷаҳон бидуни тафовут аз ранги пӯст, дин, ҷинс ва нажод эътимод ба вуҷуд оварда, гарави ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва маданию фарҳангӣ хоҳад буд».

    АКС аз Абдуқаҳҳори Қосим

 

Декабрь 20, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст