Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сокинони рӯи Замин паёми солинавӣ ироа кард

Декабрь 30, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 бояд дар ҳама ҷо сулҳ пойдор шавад: аз Украина то Конго. Дар ин бора Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар паёми солинавии худ изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иттилоотии СММ. 

Таъкид шуд, ки фарорасии Соли нави мелодӣ ҳар дафъа лаҳзаи эҳё аст, таъкид кард роҳбари СММ ва илова кард, ки замони «бод кардани хокистари соли кӯҳна» ва омодагӣ ба «рӯзи равшани нав» фаро расидааст.

Соли сипаригардидаи 2022 на он қадар соли осон буд, гуфт роҳбари Созмони Милали Муттаҳид. «Дар Украина, Афғонистон, Ҷумҳурии Демократии Конго ва дигар давлатҳо одамон харобаҳои хонаҳои худро тарк карданд ва дар ҷустуҷӯи ҳаёти беҳтаре зиндагии пешинаи худро комилан дигар карданд»,- тазаккур дод Антонио Гутерриш. Ба гуфтаи ӯ, дар саросари ҷаҳон аз ҷангҳо, сӯхторҳои ҷангал, хушксолӣ, фақру гуруснагӣ садҳо миллион нафар хонаҳои худро тарк карданд.


«Дар соли 2023 мо бояд сулҳ ба даст орем, ки ҳоло беш аз ҳарвақта ба он ниёз дорем», — таъкид кард роҳбари СММ. Вай афзуд, ки имрӯз мо бояд бо муколама сулҳ кунем, то ба низоъҳо хотима бахшад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид инчунин барои сулҳ бо табиат барои ояндаи устувортар баромад кард. Ӯ зарурати сулҳро дар хонаҳое ёдовар шуд, ки дар он ҷо занону духтарон метавонанд бо шаъну шараф ва амният ҳаёти осуда ба сар баранд.

Антониу Гутерриш мутмаин аст, ки соли 2023 башарият бояд ба даст овардани сулҳро маънои аслии сухан ва амали худ гардонад. «Биёед якҷоя саъй кунем, то соли 2023 ба соли барқарории сулҳ дар ҳаёти мо, дар хонаҳоямон ва сайёраамон табдил ёбад», — хулоса кард Дабири кулли СММ.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти иттилоотии СММ/А.Успенский

Декабрь 30, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид