Дабири кулли СПАШ Столтенберг эҳтимол роҳбари нави Хазинаи байналмилалии асъор шавад
ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Йенс Столтенберг баъд аз рафтан аз мақоми Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (СПАШ-НАТО) метавонад роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) шавад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии ТV2 (Норвегия) хабар медиҳад.
Ба маълумоти манбаъҳои ТV2 дар CПАШ, таъйини Столтенберг ба мақоми роҳбари бузургтарин созмони молиявии ҷаҳон мумкин аст тирамоҳи соли 2023 эълом шавад. То он вақт Дабири кулли СПАШ аллакай мақоми феълии худро тарк мекунад.
Зикр карда мешавад, ки номзадии Столтенбергро Вашингтон фаъолона дастгирӣ менамояд.
Сарфи назар аз он ки Столтенберг сарварии бахши низомиро бар уҳда дорад, вай маълумоти иқтисодӣ дорад. Дар гузашта вай дар вазифаи сарвазири Норвегия низ фаъолият кардааст.
ДАР АКС: Йенс Столтенберг. Акси AP/TASS








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






