ДАР ҲАЛҚАИ ОИЛА. Дар Узбекистон ба мансабдорон гузаронидани шабнишиниҳоро дар Соли нав манъ карданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов баргузории шабнишиниҳои солинавиро дар мақомоти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ манъ кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 12 декабр сомонаи Podrobno.uz бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ иттилоъ додааст.
«Роҳбари ҳукумат ба ҳамаи ташкилоти давлатӣ ва ҳокимиятҳо (маъмурияти минтақаҳо — идора) аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва ғайрибуҷетӣ ташкил намудани шабнишиниҳои дастҷамъона, оростани дастархони идона ва оташбозӣ карданро манъ намуд»,-шарҳ додааст нашрия.
«Ба сокинони Узбекистон тавсия дода мешавад, ки Соли навро дар ҳалқаи оила таҷлил намоянд»,-омадааст дар қарор.
Ба иттилои нашрия, чунин тасмим рӯзи душанбе зимни ҷаласаи ҳукумати кишвар бахшида ба масъалаҳои таҷлили Соли нави дар пешистода гирифта шуд.
Дар ВАО-и Узбекистон хабар дода мешавад, ки ин навбат манъи таҷлили дастҷамъонаи солинавӣ барои мансабдорон ба хотири сарфаи маблағҳои буҷетӣ сурат гирифтааст.
Арчаи анъанавии кӯдаконаи президентӣ имсол танҳо барои тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон баргузор карда мешавад. Зимнан, дар маркази вилоятҳо, ноҳияву шаҳрҳо арчаҳои солинавӣ танҳо дар ҳавои кушод гузошта мешаванд.
Ба мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки назоратро аз болои риояи қатъии маҳдудияти карантинӣ дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаву буфет ва дигар муассисаҳои вобаста ба ғизои ҷомеа (масофаи иҷтимоӣ ҳангоми ҷойгиркунии мизоҷон, истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ, баргузории тӯй ва маросими оилавӣ бо иштироки на бештар аз 30 нафар, инчунин тадбирҳо оид ба безараргардонӣ) пурзӯр намоянд.
Инчунин бо қарори комиссияи махсус дар биноҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки мактаббачагон, хонандагон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронидани ҷашну шабнишиниҳои гуногун манъ карда шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС аз бойгонӣ








Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






