Дар Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ баргузор шуд

Декабрь 29, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 29.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба 262 нафар омӯзгорон, директорон, кӯдакону наврасони боистеъдоди кишвар, инчунин волидайни онҳо зимни ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 мукофотҳо супорида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони ХУШБАХТ хабар дод.

Маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номина қадрдонӣ шуданд.

Дар маросим Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони Вазири маориф ва илм, роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ва волидайни хонандагон иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи насли наврас, рушди ҳаракати олимпӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ-оммавӣ як зумра омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Даҳ маркази дарёфт ва рушди истеъдод, даҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ ва даҳ муассисаи шакли нави дар рушди ҳаракати олимпӣ фаъоли ҷумҳурӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дар рушди ҳаракати олимпӣ фаъол бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардиданд.

Омӯзгорони муассисаҳои таълимие, ки хонандагонашон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ бештар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки хонандагонашон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ бештар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ, волидайни як зумра хонандагон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳамкории судманд дар рушди ҳаракти олимпӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои иштироки фаъолонаи фарзандон дар даврҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илм ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати маориф ва илм

Декабрь 29, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд