Дар Ҳиндустон банкомат оид ба фурӯши тилло ба кор даромад

Декабрь 7, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳиндустон банкомат оид ба фурӯши тилло ба кор даромад, менависад рӯзномаи The Economic Times. Дастгоҳ ба дилхоҳ хоҳишманд имкон медиҳад, ки бо истифода аз кортҳои кредитӣ ё пластикии дебетӣ тангаҳои тилло харад. Банкомат 5 кг тиллои 24 каратро нигоҳ дошта метавонад. Барои харид кардан ҳашт намуди тангаҳо: аз 0,5 грамм то 100 грамм дастрасанд.

Хусусияти муҳими банкомат дар он аст, ки арзиши тилло дар экрани он тибқи тартиби воқеӣ мувофиқ ба тағйирёбии нархмонӣ ба ин филизи қиматбаҳо дар биржаи Лондон нав карда мешавад.

Дастгоҳ аз тарафи ширкати хусусии Ҳиндустон Goldsikka Pvt Ltd сохта шудааст. Он дорои системаи боэътимоди муҳофизат аз шикаста, кушодан мебошад ва бо камераи дохилии видеоӣ ва ҳушдордиҳии садоӣ муҷаҳҳаз шудааст. Дастгоҳ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон насб шудааст. Дар рӯзи аввали фаъолият банкомати «тиллоӣ» ба 20 муштарӣ хизмат расонид.

Ин аввалин чунин банкомат дар Ҳиндустон аст. Аввалин банкомати фурӯши тилло дар ҷаҳон 12 сол пеш дар Аморати Муттаҳидаи Араб пайдо шуда буд. «Автомати тиҷоратии «Gold-To-Go» («тилло бо худ»), ки бо тиллои 24-карата пӯшонида шудааст, сабиқаҳои тиллоӣ бо вазни як, панҷ, даҳ грамм ва як унсия (28,3 грамм) медиҳад», — иттилоъ дода буд ҳамон вақт рӯзномаи The National.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ  «Ховар»

                                                                                                        АКС: pixabay

Декабрь 7, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд