ДАР КӮЧАИ ШУМО НИЗ ИД МЕШАВАД! Дар Душанбе «Марафони орзуҳо» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2022. АМИТ «Ховар»/. 19 декабр қатораи солинавӣ бо Бобои Барфӣ, барфак ва қаҳрамонони афсонавӣ ба кӯчаҳои Душанбе баромаданд. Онҳо ба кӯдаконе, ки дар хонаҳои қад-қади кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Навбаҳор, маҳаллаи 1 ва 2-юми Совет, микрорайонҳои 33, 82, 91, 102 ва назди маркази савдои «Сиёма Молл» зиндагӣ мекунанд, рӯҳияи идона мебахшанд. Дар «Марафони орзуҳо» кӯдакон туҳфаҳои ширин мегиранд ва орзуҳои худро баён мекунанд. Дар ин бора дар намояндагии ширкати «Мегафон» дар Душанбе хабар доданд.
Қатораи идона аз ҷониби танзимгари имконоти нави рақамӣ омода ва роҳӣ гардидааст. Аз ин рӯ, кӯдакони Душанберо дар баробари бозиву рақсҳо технологияи баланд интизоранд.
Дар хоначаҳои махсуси рақамии digital кӯдакон метавонанд онлайн ба манзили асосии Бобои барфӣ дар Шимоли дур назар кунанд ва бо роботи Доно, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезанад ва ҳатто шӯхӣ мекунад, муошират кунанд.
Иштирокчиёни фаъоли «Марафони орзуҳо» худашон аз халтаи Бобои барфӣ туҳфаҳои ширин мегиранд.
Якчанд нафар бачаҳо, ки афсунгари асосии солинавӣ ба хонаҳояшон меравад, имкон пайдо мекунанд орзуҳои деринаи худро баён созанд — барои амалӣ шудани онҳо ба Бобои барфӣ МегаФон Тоҷикистон кумак мекунад.
Қатораи «Марафони орзуҳо» аллакай дар роҳ аст. Дар кӯчаи шумо низ ид хоҳад шуд!
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: megafon.tj








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






