ДАР КӮЧАИ ШУМО НИЗ ИД МЕШАВАД! Дар Душанбе «Марафони орзуҳо» оғоз гардид

Декабрь 20, 2022 12:14

ДУШАНБЕ, 20.12.2022. АМИТ «Ховар»/. 19 декабр қатораи солинавӣ бо Бобои Барфӣ, барфак ва қаҳрамонони афсонавӣ ба кӯчаҳои Душанбе баромаданд. Онҳо ба кӯдаконе, ки дар хонаҳои қад-қади кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Навбаҳор, маҳаллаи 1 ва 2-юми Совет, микрорайонҳои 33, 82, 91, 102 ва назди маркази савдои «Сиёма Молл» зиндагӣ мекунанд, рӯҳияи идона мебахшанд. Дар «Марафони орзуҳо» кӯдакон туҳфаҳои ширин мегиранд ва орзуҳои худро баён мекунанд. Дар ин бора дар намояндагии ширкати «Мегафон» дар Душанбе хабар доданд.

Қатораи идона аз ҷониби танзимгари имконоти нави рақамӣ омода ва роҳӣ гардидааст. Аз ин рӯ, кӯдакони Душанберо дар баробари бозиву рақсҳо технологияи баланд интизоранд.

Дар хоначаҳои махсуси рақамии digital кӯдакон метавонанд онлайн ба манзили асосии Бобои барфӣ дар Шимоли дур назар кунанд ва бо  роботи Доно, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезанад ва ҳатто шӯхӣ мекунад, муошират кунанд.

Иштирокчиёни фаъоли «Марафони орзуҳо» худашон аз халтаи Бобои барфӣ туҳфаҳои ширин мегиранд.

Якчанд нафар бачаҳо, ки  афсунгари асосии солинавӣ ба хонаҳояшон меравад, имкон пайдо мекунанд орзуҳои деринаи худро баён созанд — барои амалӣ шудани онҳо ба Бобои барфӣ МегаФон Тоҷикистон кумак мекунад.

Қатораи  «Марафони орзуҳо» аллакай дар роҳ аст. Дар кӯчаи шумо низ ид хоҳад шуд!

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: megafon.tj

Декабрь 20, 2022 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд