Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд мешавад

Декабрь 4, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

2 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи токзори нав шинос гардид. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳия бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода 500 гектар токзори нав бунёд карда мешавад. Бо бунёди токзори нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.

Дар вилоят то кунун 114 гектар токзори нав бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ташкил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар минтақаҳои вилоят 11 ҳазор гектар токзори наву анъанавӣ мавҷуд буда, соли равон ангурпарварони вилоят беш аз 57 ҳазор тонна ҳосил ба даст овардаанд.


Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи лоиҳаи нав, анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ва ташкили боғу токзори нав ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят дастур дода, иброз дошт, ки ба масъалаи истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳия бо ҷараёни бунёди гармхонаи нав шинос шуд. Гармхонаи нав аз тарафи соҳибкор Илҳом Исмоилов якҷо бо шарикон аз Ҷумҳурии Узбекистон таъсис ёфта, масоҳати он 1,1 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои ташкилӣ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, гармхона бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишоварзони Кореяи ҷанубӣ бунёд гардида истодааст. Парвариши сабзавот дар гармхона бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои навтарин ба роҳ монда шуда, он дорои маркази гармидиҳии махсус мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 4, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд