Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо роҳпаймоӣ доир гардид

Декабрь 26, 2022 16:45

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки зиёда аз 4 ҳазор нафар роҳпаймоӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Дар роҳпаймоӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорон, сарбозони қисмҳои низомӣ, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷавонону сокинон ва аҳли ҷамоат дар даст парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксҳои Пешвои миллат, шиору овезаҳои марбут ба оби тоза ва ифодагари ифтихори миллӣ ширкат намуданд.

Роҳпаймоии идона аз майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи кӯчаи Сулҳ бо пайвастшавӣ ба кӯчаи ба номи Фотеҳ Ниёзӣ то гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.

Баъдан дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки 14 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 мамлакати узви СММ пазируфта шуда, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ мебошад. Тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Дар фарҷом Мавсума Муинӣ бо такя ба ҳидоятҳои дурнигаронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат 23 декабр баён доштанд, аз кулли сокинону меҳмонони шаҳр ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Декабрь 26, 2022 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст