Дар шаҳри Гулистон оид ба пешгирии бемории ВНМО маъракаи фаҳмондадиҳӣ доир шуд
СУҒД, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО – СПИД) ва бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», намояндагони Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар» ва Маркази тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Аз бемории ВНМО (ВИЧ СПИД) эҳтиёт бошед!» бо аҳолӣ мулоқот ва маъракаи фаҳмондадиҳӣ доир намуданд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон хабар доданд.
Масъулин варақаҳои таблиғотӣ бар зидди бемориҳои сироятии ВНМО (ВИЧ СПИД), бемории сил ва Ковид-19-ро тақсим карданд. Зикр гардид, ки ВНМО вабои аср буда, яке аз бемориҳои хавфнок мебошад, ки дар замони муосир тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аз таъсири он бисёр беморон фавтидаанд. ВНМО яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ буда, қариб дар ҳама ҷо дар бораи пешгирии ин беморӣ сухан меравад.
Зикр гардид, ки барои ҳар инсон саломатӣ чизи қиматтарин буда, ҳифзи он дар он ҳолат муяссар мегардад, ки мо муносибатҳои байни якдигарро ба хубӣ дарк намуда, эҳсоси бехатариро дар онҳо нигоҳ дорем.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил менамояд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шуда буданд. Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид, соли 2018 шумораи гирифторони ин беморӣ ба 37,9 миллион нафар расидааст.
Бо мақсади иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он шурӯъ аз соли 1996 ҳамаи давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ин рӯзро бо баргузор намудани барномаҳои маърифатию машваратӣ таҷлил менамоянд.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон








То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






