Дина Болуарте президенти нави Перу интихоб гардид

Декабрь 9, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дина Болуарте рӯзи чоршанбе баъд аз он ки парламенти Перу Педро Кастилиоро барканор кард, ба сифати президенти нави ин мамлакат савганд ёд намуд. Радикали чапи барканоршуда камтар аз якуним сол ба ҳайси сарвари давлат кор кард, то он даме, ки вакилон дар кӯшиши сеюм ба ӯ нобоварӣ эълон намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Дина Болуарте пеш аз ҷаласаи конгресс ба сифати президенти Перу савганд ёд кард. Д. Болуарте қасам ёд кард, ки вазифаи президентиашро мувофиқи сарқонуни Перу иҷро менамояд. Ӯ ваъда дод, ки истиқлолияти кишварро ҳимоя ва Конститутсияву қонунҳои онро татбиқ мекунад. Президенти нави Перу аз рӯи касб ҳуқуқшинос буда, то кунун дар вазифаи ноиби президенти кишвар кор мекард.

Болуарте аввалин занест, ки президенти Перу интихоб шуд. Вай дар маросими савгандёдкунӣ «кӯшиши табаддулоти давлатӣ»-ро маҳкум кард ва ба «муколамаи васеъ миёни ҳамаи қувваҳои сиёсии чӣ дохили конгресс ва чӣ берун аз парламент» даъват намуд. Вай инчунин эълон кард, ки ҳукумате бояд таъсис дода шавад, ки намояндагони тамоми қувваҳои сиёсиро дар бар гирад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд