ХАТСАЙРИ НАВ. Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 29 декабр дар масири Ал-Кувайт-Душанбе-Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ҷуразода аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.
Парвоз тариқи ҳавопаймоии ширкати Jazeera Airways ба роҳ монда шуд. Ҳавопаймо соати 17:42 ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад ва пас аз 1 соату 30 дақиқа ба Ал-Кувайт бармегардад.
Мусофирони хатсайрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, Менежери минтақавии кишварҳои Халиҷи ширкати Jazeera Airways ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.


Зубайдулло Зубайдзода изҳори умед кард, ки пас аз ифтитоҳи ин хатсайр шумораи сайёҳон аз ҳар ду тараф меафзояд ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ тақвият ёфта, ин омил ба гардиш ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷ мусоидат менамояд.
Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати мамлакат Азиз Набизода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки хатсайри нав дар рушди соҳа ва муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои Халиҷ такони ҷиддӣ мебахшад ва дар оянда Агентӣ кушиш ба харҷ медиҳад, ки шумораи парвозҳоро боз ҳам зиёд намояд.


Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор гардида, ин кишвари арабӣ яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушд мебошад ва дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи иқтисодию зерсохтории миллию минтақавии кишварамон фаъолона ширкат меварзад. Заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро Созишномаҳои ҳамкорӣ, ки соли 1995 дар натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ба имзо расиданд, ташкил медиҳанд.
Шурӯъ аз 29 декабр, парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ба нақша гирифда шудаанд.
Jazeera Airways, ки соли 2004 ташкил шудааст, дорои тақрибан 20 ҳавопаймои Airbus 320 ва Airbus 321 мебошад.
Ҷадвали парвозҳо:
J9 631 панҷшанбе, шанбе: Ал-Кувайт (KWI) — Душанбе (DYU) 12:10-17:20
J9 632 панҷшанбе, шанбе: Душанбе (DYU) — Ал-Кувайт (KWI) 18:50-20:45
Арзиши чипта ба ҳарду самт 175 динор, баробар ба 510 доллар нархгузорӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим буда, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба кишвари мо хидмат хоҳад кард.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид






