ИД МЕОЯД! Дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе арчаи солинавӣ бо 22 адад дӯконҳои фурӯши армуғону туҳфаҳо қомат афрохт
ДУШАНБЕ, 02.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони “Истиқлол”-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд. Арчаи солинавӣ 30 метр баландӣ ва 17 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣ-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст. Дар назар аст, ки ороишоти пурраи он то 10 декабр анҷом ёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Инчунин баҳри фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арча унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ-иллюминатсонӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ аз се тараф, фаввораҳо бо навиштаҷоти «2023», аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтҳои гуногун, одамчаҳои барфӣ, селфигӯшаҳо, хонаи бобои барфӣ, қаҳрамонҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, (смешарики, се гурба), чархофалак ва ғайраҳо гузошта шудаанд, ки дар ҳақиқат ба шаҳраки зебо ва дилрабои солинавӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон дар майдон 22 адад дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, армуғонҳо, туҳфаҳо ва хӯрокҳои тезтайёр гузошта шудаанд, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.
Ёдрас мешавем, ки соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро таҷлил менамоянд. Ин солшуморӣ аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш императори Рум Юлий Сезар якуми январро чун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.
Анъанаи таҷлили соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, шаби соли нав дар Майдони «Истиқлол»-и пойтахт бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони мамлакат барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор карда мешавад.
Инчунин дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон баргузории барномаи фарҳангию фароғатӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон дар назар дошта шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






