МАРҲАБО БА ДУШАНБЕ! Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон дар панҷгонаи арчаҳои баландтарини ИДМ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон, ки дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе қомат афрохтааст, дар раддабандии (рейтинги) арчаҳои солинавии имсола дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ, ки аз ҷониби сомонаи «Турстат» тартиб дода шудааст, дар байни даҳ шаҳр ҷои панҷумро ишғол кард.
Баландии арчаи асосии солинавии Тоҷикистон имсол 30 метр баландӣ ва 17 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣ-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст.
Дар майдон инчунин нуқтаҳои савдо кушода шудаанд, ки аз онҳо метавон маҳсулоти хӯрокворӣ, нушокӣ ва туҳфаҳои хотиравии солинавӣ харидорӣ кард.
Раддабандии арчаҳои асосии солинавии кишварҳои ИДМ:
1. Ашқобод, Туркманистон, 43 метр.
2. Ереван, Арманистон, 37 метр.
3. Тошканд, Узбекистон, 35 метр.
4. Боку, Озарбойҷон, 34 метр.
5. Душанбе, Тоҷикистон, 30 метр.
6. Москва, Россия, 27 метр.
7. Минск, Беларус, 27 метр.
8. Остона, Қазоқистон, 25 метр.
9. Бишкек, Қирғизистон, 25 метр.
10. Кишинёв, Молдова, 20 метр.
Чароғҳои арчаи солинавии Ашқобод 15 декабр фурӯзон шуданд. Он бо шаш ҳазор тӯб ва бозича оро дода шудааст. Дар майдони атрофи арчаи солинавӣ аркҳои чароғӣ ва даҳҳо қаҳрамонҳои афсонавӣ гузошта шудаанд.
Соли гузашта низ арчаи асосии солинавии Туркманистон, ки баландиаш 38 метр буд, баландтарин арчаи солинавӣ дар ИДМ арзёбӣ гардид.
Арчаи асосии солинавии Туркманистон, ки дар раддабандӣ ҷои аввалро ишғол мекунад, дар назди маркази фарҳангию фароғатии «Алем» («Коинот»)-и Ашқобод гузошта шудааст. 15 декабр Аязбобо ва Гарпамик — Бобои барфӣ ва барфаки туркманӣ онро фурӯзон карданд.
Арчаи солинавии арманҳо дар майдони Ҷумҳурӣ дар Ереван қомат афрохтааст. Чароғҳои он 5 декабр дар маросими ифтитоҳи Junior Eurovision Song Contest 2022 фурӯзон карда шуданд.
Арчаи асосии солинавии Узбекистон дар маҷмааи «Истиқлол»-и боғи «Янги Узбекистон» дар Тошканд гузошта шудааст.
Арчаи солинавии Россия — арчаи зиндаи баландиаш 27 метр дар майдони Собори Кремл дар Москва қомат афрохтааст.
Бояд гуфт, ки дар Россия баландтарин арчаи солинавӣ бо дарзии 55 метр мавҷуд буда, он дар ҷазираи Татишеви Красноярск ҷойгир аст. Аммо он арчаи асосии солинавии ин кишвар маҳсуб намеёбад.
Раддабандӣ бар асоси натиҷаҳои омӯзиши баландии арчаҳои асосии солинавӣ дар кишварҳои ИДМ таҳия карда шудааст.
Ба даҳгона арчаҳои солинавии Минск (27 метр), Остона (25 метр), Бишкек (25 метр) ва Кишинёв (20 метр) низ шомил гардиданд.
ДАР АКС: арчаи асосии солинавии Тоҷикистон дар майдони «Истиклол»-и Душанбе. Акс: Дидор Саъдуллоев








Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид






