Мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали тиллои ИДМ сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими тантанавӣ дар ҳузури вакилони Парлумони касбии мамлакат ба сухангӯи Парлумон-мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов медали тилло супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медали «Дарахти дӯстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» сарфароз гардонида шуд.
Тавре дар қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омадааст:
«Барои саҳми арзанда гузоштан дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов бо медали тиллои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» бо номи «Дарахти дӯстӣ» сарфароз гардонида мешавад».
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадато Султонов хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносови Федератсияи Россия буда, дастпарвари мактаби камолоти «Ховар» аст.
Мавсуф дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тӯли 10 сол фаъолият намуда, зиёда аз 20 сол мешавад, ки сухангӯи Парлумони касбии мамлакат аст.
Муҳаммадато Султонов муалифи панҷ китоб ва силсиламақолаю очеркҳои касбӣ мебошад.
Акс: МН МО ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






