Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири мудофиаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.
Дар мулоқот доир ба маҷмӯи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои амнияту мудофиа табодули афкори судманд анҷом дода шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақши Покистонро дар ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир муҳим арзёбӣ карда, ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои амнияту мудофиа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо зимни суҳбат муҳимияти таҳкими ҳамкории амниятии ду кишварро, ки асоси онро мубориза бо зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад, таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили муҳими марбут ба вазъияти сиёсию низомӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






