ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавзаи дарёи Зарафшон яке аз минтақаҳои асосии пиряхҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳо дар ин ҳавза метавонад боиси кам шудани захираи оби ошомиданӣ гардида, барои аҳолӣ, кишоварзӣ ва экосистемаҳои қаламравҳои ҳамшафати Узбекистону Тоҷикистон хатари эҳтимолӣ эҷод намояд.
–Таҳқиқоте, ки аз ҷониби пиряхшиносони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо гузаронида шуд, ба омӯзиши вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд. Сабабҳои асосии ҳолати таназзули доимии онҳоро ба бад шудани шароити ғизогирӣ ва тағйирёбии омилҳои иқлимӣ, пеш аз ҳама, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва тағйирёбии миқдори бориш нисбат медиҳанд.
Мувофиқи натиҷаи таҳқиқоти А.С. Шетинников (соли 1998), масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон соли 1957 656 километри мураббаъ ва соли 1980 – 572 километри мураббаъ буд, яъне он 84 километри мураббаъ коҳиш ёфта, қариб 9,0 километри мукааб ях аз даст дода шудааст. Он 12,8 фоизи масоҳат ва 24,5 фоизи ҳаҷми яхи ҳавзаро дар соли 1957 ташкил медиҳад.
Пиряхи Зарафшон яке аз бузургтарин пиряхҳои ин ҳавза ва дар маҷмуъ Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули захираҳои обии минтақа ва бо оби ошомиданию обёрӣ таъмин намудани кишварҳои минтақа саҳми назаррас мегузорад.
Мушоҳидаҳои пиряхшиносон нишон доданд, ки пиряхи Зарафшон дар ҳолати таназзули доимӣ қарор дошта, давоми солҳои 1880-1980 забонаи он ба андозаи 2 километр, яъне соле 20 метр ва қисматҳои миёна ва рости он 1,0-1,5 километр коҳиш ёфта, сатҳаш 60 метр поён фаромадааст.
Бо назардошти ҷиддияти ин масъала аз ҷониби кормандони илмии Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои арзёбии тағйирёбии пиряхҳои ин ҳавза давоми солҳои 1992-2024 таҳқиқоти махсус гузаронида шуд. Ҳолати 60 пиряхи ҳавза омӯхта шуд, ки масоҳати умумиашон тибқи феҳристи пиряхҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 162 километри мураббаъро ташкил медод.
Таҳлили маълумоти иқлимии минтақаи таҳқиқотӣ нишон дод, ки солҳои 2000-2025 гармтарин давраи сол асосан ба моҳҳои июл ва август рост омада, ҳарорати миёнаи моҳона 14-19 дараҷа гармиро ташкил дод. Моҳҳои декабр, январ ва феврал сардтарин давраи сол буда, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз 3 то 6 дараҷа хунук шуд. Тағйирёбии ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар минтақаи таҳқиқотӣ дар ин солҳо тамоили мусбат дошта, ба ҳисоби миёна 1,0 дараҷа афзоиш ёфтааст.
Дар асоси таҳлил ва ҳисобҳои гузаронида муайян гардид, ки дар авҷи фасли тобистон ҳарорати ҳаво ҳам дар минтақаи ҷамъшавии барф ва ҳам дар қисмати забонаи пиряхҳо аз ҳарорати яхбандӣ ба таври назаррас баландтар мешавад. Ин ҳолат барои обшавии пиряхҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Раванди обшавӣ бештар дар қисмати забонаи пиряхҳо ва нисбатан камтар дар минтақаи ҷамъшавии барф ба амал меояд.
Миқдори умумии бориши моҳона дар минтақаи таҳқиқотӣ дар давраи солҳои 2014–2025 дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр 10 фоиз афзоиш ёфта, дар баландии зиёда аз 2600 метр 17 фоиз коҳиш ёфтааст.
Масоҳати умумии пиряхҳо аз 149,5 километри мураббаъ дар соли 1992 то 132 километри мураббаъ дар соли 2024 кам шуда, 17,5 километри мураббаъ ё тақрибан 11,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Калонтарин коҳиши масоҳати пиряхҳо давоми солҳои 1992-2002 мушоҳида шуда, 9 километри мураббаъро ташкил дод. Солҳои 2002-2014 масоҳати пиряхҳо 6,9 километри мураббаъ ва солҳои 2014-2024 1,6 километри мураббаъ кам шудааст.
Пиряхҳои масоҳаташон аз 1,0 километри мураббаъ хурдтар, 22 фоиз, масоҳаташон 1-4,5 километри мураббаъ — 18,9-20,8 фоиз ва пиряхҳои масоҳаташон аз 8,0 километри мураббаъ калонтар танҳо 3-10 фоиз коҳиш ёфтаанд. Азбаски забонаҳои ҳамаи пиряхҳои калони ин ҳавза, ба истиснои пиряхи Парах то ҳол бо маҷрои асосии пиряхи Зарафшон зич пайваст мебошанд, муайян кардани коҳиши эҳтимолии онҳо имконнопазир аст. Сабаб он аст, ки забонаҳои мазкур пайваста дар ҳаракат буда, маҷрои асосии пиряхи Зарафшон онҳоро ҳамзамон ба самти поён ҳаракат медиҳад ва дар натиҷа онҳо аз ҳам ҷудо намешаванд.
Давоми 33 соли давраи таҳқиқот дарозии забонаҳои пиряхҳои Зарафшон ва Парах мутаносибан 500 ва 1600 метр кам шудааст. Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти ба наздикӣ гузаронида фарзияи пешакӣ дар бораи он ки гӯё забонаи пиряхи Фарахнов аллакай аз маҷрои асосӣ ҷудо шудааст, тасдиқ нагардид. Баръакс, муайян карда шуд, ки дарозии он каме афзоиш ёфтааст. Ин ҳолат танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки забонаи ин пирях бо маҷрои асосии пиряхи Зарафшон тавассути қабатҳои яхе, ки дар зери морена ҷойгиранд, пайваст бошад.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоте, ки соли 2009 аз ҷониби пиряхшиносон гузаронида шуд, масоҳати пиряхи Зарафшон байни солҳои 1927 — 1991, 0,5 километри мураббаъ ва байни солҳои 1991 – 2009 0,7 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст, ки мутаносибан соле 7692 метри мурабаъ ва 36 ҳазору 692 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Дар муқоиса мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти ба наздикӣ гузаронида масоҳати пиряхи Зарафшон давоми солҳои 1992-2024 1,38 километри мураббаъ ё 41 ҳазору 818 метри мурабаъ коҳиш ёфтааст.
Барои омӯзиши ҳолати таназзули пиряхҳо дар ҳавзаи таҳқиқотӣ дар давраҳои гуногун натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронида бо маълумоти ҳангоми инвентаризатсия ва таҳқиқоти давоми солҳои гуногун ба дастоварда пурра карда шуданд. Таҳлили маълумот нишон дод, ки коҳиши калонтарини масоҳати пиряхҳои ҳавза солҳои 1957 – 2014, 1957 — 2017 ва 1957 — 2024 мушоҳида шуда, ба ҳисоби миёна 22,6 километри мураббаъро ташкил менамояд. Дар ҳоле ки давоми солҳои 1957-2002 коҳиш ба ҳисоби миёна 12,1 километри мураббаъ буд.
Давоми солҳои 1957-1980, 1957-2002 ва 1957-2014 коҳишёбии калонтарини солона ва солҳои 1957-1992 коҳишёбии камтарин мушоҳида шудааст. Аз соли 2017 ин ҷониб коҳиши солонаи масоҳати пиряхҳо дар ин ҳавза ба эътидол омада, соле 0,35 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар асоси натиҷаҳои бадастоварда хулоса баровардан мумкин аст, ки аз соли 2014, яъне беш аз 20 соли охир коҳиши солонаи масоҳати пиряхҳо дар ҳавзаи таҳқиқотӣ афзоиш наёфта, балки соле аз 0,39 то 0,35 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки суръати обшавии пиряхи Зарафшон сол аз сол афзуда, он тунук шуда истодааст. Масалан, агар соли 1992 ин раванд дар маҷрои умумии ҳаракати пирях бо хати борик ва ғафсии назаррас ифода ёфта бошад, соли 2025 паҳноии ин хат ба 30-120 метр расида, тунукшавии маҷрои асосии яхи пиряхи Зарафшон ба таври назаррас аён шудааст.
Маълум аст, ки бар асари тағйирёбии муассири иқлим ва таназзулёбии пиряхҳо дар пастхамиҳои болои пиряхҳо ва забонаҳои онҳо кӯлҳои пиряхӣ ба вуҷуд меоянд, ки андоза ва масоҳаташон тез — тез тағйир меёбад.
Тибқи таҳқиқоти гузаронида, соли 2025 шумораи кӯлҳои пиряхии ҳавзаи таҳқиқотӣ ба 130 адад мерасад, ки дар баландиҳои 2300-3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Аз ҷумла, 96 ададашон дар минтақаи забонаи пиряхи Зарафшон ва 34-тои дигараш дар атрофи пиряхҳои Толстов ва Скачков ҷойгиранд.
Масоҳати умумии кӯлҳои пиряхии андозаашон калони ҳавзаи таҳқиқотӣ 0,05 километри мураббаъ ва масоҳати кӯли пиряхии калонтаринаш тақрибан 13 ҳазор метри мураббаъ мебошад.
Хулоса, агар суръати кунунии таназзулёбии пиряхҳо ҳамин тавр идома ёбад, мумкин аст масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, инчунин ҳавзаи дарёи Зарафшон дар 30-40 соли оянда 15-20% кам шавад. Ягона хабари умедбахш ин аст, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти байни солҳои 2016 — 2020 аз ҷониби Лабораторияи пиряхшиносии Маркази илмии баландкӯҳи Тиён-Шони Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронида гармшавии глобалӣ боз 100-200 соли дигар идома ёфта, пиряхҳои Осиёи Марказӣ нест намешаванд, балки пурра зери қабати морена нопадид мегарданд ва бо суръати сусттар ҳам бошад, об медиҳанд.
Дар айни замон дар ҳавзаи дарёи Зарафшон аксари пиряхҳо нисбат ба Помир ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон зудтар коҳиш меёбанд. Сабаб дар он аст, ки мувофиқи таҳқиқоти солҳои пешин гузаронида 70 фоизи пиряхҳои ин ҳавза поёнтар аз хати фирнии миёна (болотар аз минтақаи обшавии пиряхҳо ва поинтар аз минтақаи ҷамъшавии барф) ҷойгиранд.
Тавре ки маълум аст, ба обшавии пиряхҳо асосан тағйирёбии иқлим таъсир расонида, омили дигари ба ин раванд мусоидаткунанда ифлосшавии сатҳи пиряхҳо бо ин гуна моддаҳо мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ асосан бо минтақаҳои биёбонӣ ва хушк иҳота шуда, аз ин минтақаҳо аксар вақт ба минтақаҳои яхбаста тӯфонҳои чангӣ интиқол дода мешаванд.
Ҳангоми мавҷудияти шароити турбулентии мусоиди тропосферӣ зарраҳои чангу рег мумкин аст дар аввал аз рӯйи замин то баландиҳои 1,5-3 километр ва минбаъд, бо ҷараёни ҳавои болораванда то баландиҳои 5-7 километр партофта шаванд. Дар ин гуна ҳолатҳо миқдори зиёди чангу ғубор ба масофаи садҳо километр, ба минтақаи пиряхҳо ва барфҳои доимӣ интиқол дода шуда, обшавии онҳоро тезонида, масоҳат ва ҳаҷми онҳоро кам мекунанд. Ин гуна таназулёбӣ дар ҳама минтақаҳои пиряхии Тоҷикистон, аз ҷумла Зарафшон, Ҳисору Олой, Помир ва ҳатто Ҳиндукуш низ мушоҳида карда мешавад.
Ин раванд барои минтақаҳои хушки Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон ниҳоят хатарнок мебошад, зеро пиряхҳои кӯҳӣ ягона манбаи асосии захираи оби ширини асрҳо хобида ва конденсатсияи нам дар атмосфераи ин минтақаҳо мебошанд. Аз вазъи кунунии захираҳои барфу пиряхҳо ва бориш дар кӯҳҳои Тоҷикистон сарнавишти миллионҳо нафар дар Тоҷикистон ва саросари Осиёи Марказӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар айни замон дар пиряхҳои Тоҷикистон гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва пеш аз ҳама, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва кам кардани обшавии онҳо барои Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардида, аз таъсири пайомадҳои манфии он Тоҷикистон низ истисно нест. 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим, ки асосан бо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ва Сарвари давлати тоҷикон қабул гардидаанд, давоми ду даҳсолаи охир кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳам оварда, ба татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.
Гарчанде боздоштани раванди табиии обшавии пиряхҳо тавассути кӯшишҳои инсонӣ умуман ғайриимкон бошад ҳам, бо роҳи кам кардани партовҳои ифлоскунанда, аз ҷумла дуоксиди карбон (СО2) ба атмосфера ҷараёни онро суст кардан мумкин аст. Чунки мувофиқи бисёр фарзияҳо маҳз афзоиши миқдори дуоксиди карбон дар атмосфера сабаби сӯрохшавии қабати муҳофизаткунандаи озони атмосфера ва асоси гармшавии глобалӣ мебошад.
Аз тарафи дигар амалӣ намудани «Барномаи миллии кишвари «сабз» барои солҳои 2023 – 2027» ва татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040» имкон медиҳанд дар ҳазорҳо гектар замин, аз ҷумла ҳавзаҳои дарёҳои аз пиряхҳо маншаъгиранда дарахтон ва ниҳолу буттаҳо шинонида шаванд. Инчунин ба коҳиши газҳои гулхонаӣ ба минтақаи пиряхҳо интиқол дода шудани чангу ғубор ва дигар маводи ифлоскунанда ва дар ин баробар, коҳиш додани обшавии пиряхҳо мусоидат ва рушди устувор ва амнияти экологии аҳолӣ таъмин карда шавад.
Дар айни замон ҳифзи пиряхҳоро танҳо бо татбиқи чораҳои дар боло зикршуда амалӣ кардан мумкин аст, чунки барои ҳадди ақалл муътадил гардонидани обшавии онҳо ҳанӯз чораҳои дигари радикалӣ вуҷуд надоранд. Шояд ин аз нигоҳи назариявӣ имконпазир бошад, аммо бо сабаби зарурати хароҷоти калон барои амалӣ гардондани онҳо (масалан, ба тариқи плёнка пӯшонида шудан ё ташаккул доданашон бо роҳи эҷод намудани бориши сунъӣ) хеле душвор аст.
Бо назардошти ин мулоҳизаҳо метавон хулоса кард, ки барои ҳифзи пиряхҳо таҳия намудани барномаҳои илмии миллӣ ва минтақавии муштараку умедбахш ҷиҳати омӯзиши муфассали ҳолати онҳо дар ҳавзаҳои асосии дарёҳои мамлакат, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон метавонад дар рушди кишоварзӣ, гидроэнергетика ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя нақши ҳалкунанда бозида, таъсири мусбат расонад.
Алишо ШОМАҲМАДОВ,
ходими пешбари илмии
Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






