Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Покистон Содиқ Санҷаронӣ мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷаронӣ мулоқот намуданд.
Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон василаи муассири таҳкими равобити дуҷониба ва таъмини манфиатҳои давлатҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо изҳори итминон ба ояндаи неки муносибатҳои байнидавлатӣ, нақши парламентҳои ду давлатро дар таҳкими муколамаи сиёсии пайвастаи Тоҷикистону Покистон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон баҳои баланд дода шуд ва зарурати ба роҳ мондани машваратҳои васеи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ доир ба масъалаҳои сулҳу амният дар минтақа таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба нақши Тоҷикистону Покистон дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, дар заминаи гузаштан ба «энергетикаи сабз», рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту сармоягузорӣ ва фарҳангу тандурустӣ баррасӣ гардида, роҳҳои баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ин соҳаҳҳо таъкид гардид.
Баргузор намудани форумҳои байнипарлумонӣ дар Тоҷикистон ва Покистон воситаи муассири таҳкимбахши ҳамкории ду давлат дар тамоми соҳаҳои барои ҳарду ҷониб афзалиятнок маънидод гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба мушкилоти хатарбори минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиди терроризму экстремизм ба амнияту суботи давлатҳо, шиддат ёфтани низоъҳо, бархурдҳои иттилоотӣ ва қиберҷиноятҳо, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои фалокатбори он, инчунин афзоиши бемориҳои сироятӣ ва зарурати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар чунин шароит табодули афкор намуданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд






