Шолтс ният дорад, ки соли 2025 ба мақоми канслери Олмон номзад шавад
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҳукумати Олмон Олаф Шолтс омода аст барои курсии канслери Олмон дар интихоботи соли 2025 рақобат кунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Шолтс эълон кард, ки ӯ ният дорад дар интихоботи оянда номзадиашро пешбарӣ намояд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки мехоҳад мавқеи устувори эътилофи ҳокимро дар ҳукумат бубинад.
Канслери кунунӣ намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Олмон мебошад. Соли гузашта ин ҳизб дар интихоботи парлумони кишвар пирӯз шуда буд. Ҳизби сотсиал-демократ бо Ҳизби озоди демократӣ ва «сабзҳо» эътилоф ташкил кард. Вақтҳои охир маҳбубияти эътилофи ҳоким дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ дар Олмон поён рафт.
Тибқи маълумоти институти олмонии омӯзиши афкори ҷамъиятии Civey, беш аз 40 дарсади олмониҳо бар ин боваранд, ки собиқ канслер Ангела Меркел масъалаҳои имрӯзаро нисбат ба Шолтс беҳтар ҳал мекард.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКС: Олав Шолтс. Акс: АИ «Синхуа»








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






