Соли 2023 дар Душанбе 4 корхонаи истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2023 дар шаҳри Душанбе бояд марҳила ба марҳила 4 корхонаи истеҳсолу коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани металлҳои қиматбаҳо сохта, ба истифода дода шавад. Чунин супориш доданд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Металлҳои қиматбаҳои ватанӣ то ҳаҷми се тонна дар шаҳри Душанбе бояд коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонида шуда, барои мардум ва содирот пешкаш карда шаванд», — иброз намуданд Сарвари давлат.
Инчунин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ба масъалаи истихроҷи коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла, сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳамияти хосса дода, Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани онро таҳия ва амалӣ созанд.
Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо фарогирии 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошанд, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Дар соли 2022 шумораи ин корхонаҳои саноатӣ ба 2800 адад бо 85 ҳазор ҷойи кор расидааст.
«Агар мо дар зарфи панҷ сол ҳар сол 500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд кунем, барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мусоидат менамояд.
Танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо шаш ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намудаанд», -изҳор доштанд Президенти мамлакат.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар Душанбе то соли 2026 100 адад корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Сохтмони ин корхонаҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






