Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Декабрь 14, 2022 20:33

14.12.2022, Покистон

Муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон,

ҷаноби Шаҳбоз Шариф,

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст ба Шумо, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф, ба Ҳукумат ва мардуми бародари Покистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимӣ сидқан арзи сипос менамоям.

Рушду таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Покистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад.

Мо ба пешбурди бомароми онҳо аҳаммияти хосса медиҳем.

Натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олии имрӯза ва идомаи талошҳои муштараки ҷонибҳоро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ менамоем.

Бовар дорем, ки мувофиқаҳои бадастомада дар баробари санадҳои баимзорасида, ба муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар такони тоза хоҳанд бахшид.

Мо дар ҷараёни суҳбати хоса ва музокирот бо иштироки ҳайатҳо доираи васеи робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ баррасӣ намудем.

Зимнан, аҳаммияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии эътимодбахш дар ҳамаи сатҳҳо таъкид гардид.

Бо дарназардошти мушкилоти феълии иқтисоди ҷаҳонӣ, мо ба таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудем.

Дар соҳаи нақлиёт мо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон бори дигар таъкид кардем.

Мо ҷиҳати идома додани ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи КАСА-1000 табодули афкор анҷом додем.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва доруворӣ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мо бошанд.

Мо ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳузури фаъоли ширкатҳои покистонӣ дар соҳаҳои зикргардида иброз намудем.

Дар ин замина пешниҳод кардем, ки барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маводди ғизоӣ ширкатҳои муштарак, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, таъсис дода шаванд.

Бо мақсади истифодаи самарабахши имкониятҳои соҳаҳои мазкур мо аз тавсеаи робитаҳо байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ҳамаҷониба истиқбол менамоем.

Ба мувофиқа расидем, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, ҳамчунин, дигар гурӯҳҳои кории муштараки соҳавӣ кори худро фаъол гардонанд.

Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бо дарназардошти қаробати анъанаҳои фарҳангӣ ва муштаракоти зиёди тамаддунии мардумони ду кишвари бародар, яке аз омилҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба ба шумор мераванд.

Бинобар ин, густариши минбаъдаи равобит дар дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои башарӣ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт.

Дар ҷараёни музокирот мо масъалаҳои ҳамкориро дар бахши амниятӣ муфассал баррасӣ кардем.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳо дар ин самт алоқамандии худро ба идомаи муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, ҳама гуна зуҳуроти тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, қочоқи силоҳ, маводди мухаддир ва киберҷиноятҳо таъкид кардем.

Мо дар барқарорсозии сулҳу суботи пойдор ва ризоияти миллӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон беш аз ҳама манфиатдорем.

Дар ин замина, таъсис додани ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон бо назардошти иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмӣ таъкид гардид.

Аз талошҳои созандаи сатҳи байналмилаливу минтақавӣ низ дар ин ҷода ҷонибдорӣ намудем.

Ҳозирини гиромӣ,

Тоҷикистону Покистон вобаста ба масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ мавқеи муштарак ё ба ҳам наздик доранд.

Мо сатҳи ҳамкориҳои созандаи худро бо Покистон дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ арзишманд медонем.

Кишварҳои мо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ робитаҳои созандаи самарабахш доранд.

Мо миннатдории хешро барои дастгирии доимии Покистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва иқлим иброз менамоем.

Дӯстони гиромӣ,

Соли равон аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сӣ сол сипарӣ шуд.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо ҳамкориҳои муфиди байни ду кишвар пайваста рушд ёфта, имрӯзҳо фарогири ҷанбаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.

Аз ин лиҳоз, бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳамкориҳои мо минбаъд низ ба нафъи мардумонамон рӯ ба густариш хоҳанд буд.

Ман аз Ҷаноби Олӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф даъват ба амал овардам, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Сарвазир барои ҳусни меҳмоннавозӣ сидқан изҳори миннатдорӣ карда, ба мардуми дӯсти Покистон рушду пешравӣ орзу менамоям.

Ташаккур.

Декабрь 14, 2022 20:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид