ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, сешанбе, 354-умин рӯзи соли 2022 аст

Декабрь 20, 2022 08:00

20 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

***

13 сол пеш, 20 декабри соли 2009 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуданд.

20 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон.

***

Дар Панама – Рӯзи мотам.

***

Дар Россия, Арманистон, Беларус – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

20 декабри соли 2018 Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 73-юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» -ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои  СММ пешниҳод шуда буд, якдилона қабул намуд.

***

20 декабри соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарини варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2017-ро эълон намуд. Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.

***

20 декабри соли 1879 Томас  Эдисон аввалин маротиба кори лампаи  сӯзишвориро нишон дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 2012 дар Душанбе бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ» намоишгоҳи суратҳо баргузор гардид.

***

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи «Истеҳсоли Чин — Тоҷикистон 2017» доир шуд.

Декабрь 20, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, панҷшанбе, 261-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, сешанбе, 259-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, шанбе, 256-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, ҷумъа, 255-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст