ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, сешанбе, 361-умин рӯзи соли 2022 аст
27 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
***
6 сол пеш, 27 декабри соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Азимов масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) кишварҳои дар пешбурди тиҷорат муваффақ, миёни 153 кишвари ҷаҳон зинаи 108-умро ишғол намуд. Раддабандии мазкур аз ҷониби маҷаллаи амрикоии «Forbes» омода шуд.
27 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Россия — Рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи оила.
***
Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
27 декабри соли 2007 дар шаҳри Душанбе масъалаи мушкилот ва дурнамои рушди ВАО-и русзабон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
***
27 декабри соли 2008 дар шаҳри Душанбе давраи ҷамъбастии озмуни сарояндагони ҷавони Тоҷикистон «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон-2008» баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 ҳикоя-ёддошти рӯзноманигори барҷаста, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олег Дмитриевич Соболев бо номи «Рӯзҳои муҳосира дар канори Ленинград» аз чоп баромад.
***
27 декабри соли 2017 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.
***
27 декабри соли 1950 миёни ИМА ва Испания муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2012 дар шаҳри Новосибирск дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи 32-юми анъанавии умумироссиягии «Дӯстии халқҳо» оид ба дзюдо мақоми аввал касб намуд.
***
Соли 1932 дар Ню-Йорк калонтарин кинотеатр дар ҷаҳон «Рэдио-Сити Мюзик Холл» ифтитоҳ ёфт, ки 5945 ҷойи нишаст дошт.