«WE CREATE CULTURE OR CULTURE CREATES US». Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо дар олимпиадаи байналмилалӣ ҷойи сеюмро гирифтанд
ДУШАНБЕ, 17.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ дар мавзӯи “Мо фарҳанг эҷод мекунем ё фарҳанг моро эҷод мекунад” (“Мы создаём культуру или культура создаёт нас”-“We create culture or culture creates us”) миёни донишҷӯёни курсҳои болоӣ (3-5) ва магистратура сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур хабар доданд.
Дар ин олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки 1 декабри соли 2022 тариқи онлайн дар Федератсияи Россия доир шуд, донишҷӯёни соли сеюми факултети забони англисӣ дар ҳайати даставӣ- Мавлуда Сафарова, Саноат Додобоева ва донишҷӯйи соли чоруми факултети забонҳои Осиё Парюн Ҳомидзода ширкат варзида, сазовори диплом, сертификат ва мақоми сеюм шуданд.
Инчунин донишҷӯи соли сеюми факултети забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Мавлуда Сафарова дар олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ миёни донишҷӯён сазовори ҷойи сеюм ва диплом гардид.
АКС: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода









Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






