РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаккули заминаи ҳуқуқии рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ зиёда аз 77 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 3 ҳазору 500 сохтори давлатӣ пайваст шуда, беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ ба тариқи портали электронӣ ба роҳ монда шуд. Чунин иттилоъ дода шуд 23 ноябр зимни ҷаласаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи мазкур муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.
— Хизматрасониҳои давлатӣ хизматрасониҳое мебошанд, ки ба шаҳрвандон ва мақомот дар шакли электронӣ тавассути портали ягона, бе зарурати ба таври шахсӣ ба мақомот муроҷиат кардан пешниҳод карда мешаванд. Ба ин метавонанд бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, гирифтани маълумотнома, иҷозатнома ва дигар хизматрасониҳои расмӣ дар шакли онлайн дохил шаванд.
Аз ҷумла, бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фавт, гирифтани маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ, ваколатнома барои идоракунии воситаи нақлиёт, имзои электронӣ, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, пардохти андоз барои воситаи нақлиёт, гирифтани иҷозат (талон) барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, барасмиятдарории талони муоинаи техникии воситаи нақлиёт.
Масалан, шаҳрвандон метавонанд тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба хизматрасонии «Маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ» ворид гардида, барои гирифтани ин ҳуҷҷат ба таври электронӣ муроҷиат намоянд. Дар ин раванд аризадиҳанда имкон дорад маълумоти заруриро пур карда, дархости худро ба таври фосилавӣ пешниҳод ва маблағи хизматрасониро низ тавассути низоми пардохти электронӣ пардохт намояд.
Муҳлати баррасӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ 10 рӯзи кориро ташкил дода, маълумотномаи додашуда дар муддати 6 моҳ эътибор дорад. Ин хизматрасонӣ аз ҷониби Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Консепсияи иқтисоди рақамӣ
Тоҷикистон дар масири рақамикунонии иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта, барои татбиқи технологияҳои муосир ва рушди ҳукумати электронӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Қабули Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 декабри соли 2019 заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии гузариш ба иқтисоди рақамиро фароҳам овард.
Ҳадафи асосии консепсия рушди ҷомеаи иттилоотӣ, амалӣ намудани хизматрасониҳои давлатии электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Консепсия дар се марҳила амалӣ гардида, марҳилаи якум то соли 2025, марҳилаи дуюм то соли 2030 ва марҳилаи сеюм то соли 2040-ро дар бар мегирад. Дар ин раванд ба рушди инфрасохтори рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, омодасозии мутахассисон, ташкили платформаҳои электронӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ афзалият дода мешавад.
Бо мақсади татбиқи ин санад «Барномаи миллии рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025» таҳия ва амалӣ гардида, Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳамзамон солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд, ки ба тақвияти ин раванд такони нав бахшид.
Дар доираи тадбирҳои амалишуда Портали ягонаи давлатии электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ehukumat.tj ва Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj ба фаъолият оғоз намуд. Инчунин низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ татбиқ гардида, барои мубодилаи байниидоравии ҳуҷҷатҳо ва коҳиш додани истифодаи коғаз шароити мусоид фароҳам овардааст.
Рақамикунонӣ дар соҳаҳои андоз, бонкдорӣ, нақлиёт, савдо, маориф ва тандурустӣ низ вусъат ёфтааст. Татбиқи пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи ҳамёнҳои электронӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ тавассути замимаҳои мобилӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»
Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои ташаккули иқтисоди муосир ва рақобатпазир заминаҳои зарурӣ фароҳам овардааст. Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки соҳа «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 тасдиқ шудааст.
Ҳадафи асосии барнома ташаккули экосистемаи иқтисоди рақамӣ, рушди соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, такмили инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалии дар барнома гуфташуда, татбиқи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ метавонад хароҷоти маъмуриро то 30 дарсад коҳиш диҳад. Ҳамзамон ҳуҷҷатгузории электронӣ имконият медиҳад, ки муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳо аз 3 то 10 маротиба кӯтоҳ ва арзиши коркарди ҳуҷҷатҳо аз 60 то 80 дарсад кам карда шавад. Истифодаи механизмҳои электронии коркарди маълумот метавонад хатоҳои вобаста ба воридсозии дастии маълумотро то 90 дарсад коҳиш диҳад. Инчунин сарфаи маблағ аз ҳисоби истифода набурдани ҳуҷҷатҳои коғазӣ метавонад то 80 дарсади хароҷоти марбут ба ҳар ҳуҷҷатро ташкил намояд.
Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти сармоягузорӣ ба технологияҳои рақамиро собит намуда, нақши онҳоро дар коҳиш додани хароҷот, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва рушди рақобатпазирии иқтисоди миллӣ инъикос менамоянд.
Тадбирҳои амалишуда дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар роҳи ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ ва иқтисоди ба технологияҳои рақамӣ асосёфта қадамҳои устувор мегузорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд
Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия оғоз шуд
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад
Дар Ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон фурудгоҳи маҳаллӣ сохта мешавад
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад






