Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии МТС: «Паёми Пешвои миллат — равшангари самтҳои асосии рушди Тоҷикистон»

Декабрь 27, 2022 14:08

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҷрибаи муосири  ҷаҳонӣ дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвари худ Паём ироа намудани Сарвари давлат яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Чунин иброз намуд сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ ба АМИТ «Ховар».

— Паёми Президенти кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад, — зикр намуд ӯ дар идомаи суҳбат. — Соли сипаришударо бо Паёми навбатӣ ҷамъбаст намуда, марҳилаи тайшуда таҳлил ва бурду бохти як соли рушди кишвар баҳогузорӣ мешавад. Паём суханронии самтмуайянкунандаи иттилоотию ҷамъбастии Сарвари давлат буда, ба рӯйдоди муҳими давлатию сиёсӣ мубадал гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус дода, матни онро бодиққат меомўзад. Касоне, ки бо низоми кори давлатӣ ва муносибатҳои хориҷӣ шиносанд, ин таваҷҷуҳи берунӣ ба Паёмро хуб медонанд.

Маъмулан кишварҳо паёмҳои солонаи роҳбарони давлатҳои шарик ё рақиби худро бодиққат пайгирӣ ва таҳлил мекунанд. Пӯшида нест, ки ҳамаи сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон вазифадоранд, ки мазмуни Паёми солонаи роҳбари кишвари мизбонро таҳлил карда, ба роҳбарияти давлати худ гузориш пешниҳод намоянд. Ғайр аз таҳлили самту интихобу авлавияти кишвари мизбон таваҷҷуҳи онҳоро масъалаи роҳбари кишвари  мизбон дар бораи давлати онҳо ё дар ин ё он масъалаи минтақавию байналмилалии мавриди назари онҳо чӣ мавқеъ гирифтааст, ба кадом самти ҳамгироӣ ё геополитикӣ тамоюли ошкор ё ниҳон нишон додааст, низ  ҷалб менамояд.

Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд. Паёми навбатӣ низ барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми имсолаи Пешвои миллат мавзӯъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзӯъҳое, ба монанди таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳанд.

Мувофиқи моддаи 69 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар Паёми имсолаи Сарвари давлат баъзе самтҳо ва авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мушаххас тафсир шудаанд. Дар Паём, аз ҷумла чунин омадааст: «Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.

Дар ин замина давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад».

Дар Паёми имсола низ Президенти Тоҷикистон аз усулҳои таҳлил ва муқоиса бештар истифода намуда, ҳолати рушди кишвар, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил ва муқоиса қарор додаанд. Чунин тарзи таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳо гувоҳи он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат дар бахшҳои алоҳидаи ҷомеа огоҳона, илмӣ ва воқеъбинонаву оянданигарона роҳандозӣ мегарданд.

Аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба самтҳое тақсим намуд, ки ҳар яке барои рушди устувори Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум муҳим мебошанд:

Самти 1. Ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ. Тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо;

Самти 2. Сиёсатгузориҳои арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба таъмини рушди устувори иқтисодии давлат;

Самти 3. Ташаббуси панҷуми Пешвои миллат дар самти ҳифзи пиряхҳо ва аз ҷониби иҷлосияи 77- уми Маҷмаи умумии СММ пазируфта шудани он;

Самти 4. Рушди илму маориф дар маркази сиёсати Пешвои миллат;

Самти 5. Арзёбии сиёсати инсонмеҳвари Пешвои миллат дар самти тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бонувон, ҷавонон, варзиш ва фарҳанг;

Самти 6. Масъалаҳои таҳкими волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ;

Самти 7. Сиёсати хориҷӣ – таҷассумгари сиёсати дӯстона ва созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ;

Самти 8. Раҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои ҷамъбастии Пешвои миллат барои таъмини рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон.

Дар Паём самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар дар шароити нави байналмилалӣ таҳлили амиқи илмӣ ёфтаанд. Чунин масъалагузорӣ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон нисбат ба моҳияти равандҳои байналмилалӣ шинохти дақиқ дошта, нисбат ба онҳо бетафовут нест. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа хатарзо буда, муносибати масъулиятшиносонаро тақозо менамояд. Ҳоло дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани марҳилаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромию низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиду хатарҳои нав эҷод мекунанд. Торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо, таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба асосҳои бунёдии низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсир мегузорад. Давом ёфтани чунин раванд метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар олам гардад.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат дастовардҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2022 ҷамъбаст намуда, барои боз ҳам афзун намудани комёбиҳо дар ин самт дар соли 2023 дар назди Ҳукумати кишвар вазифаҳои нав гузоштаанд. Дар ин самт дар Паём, аз ҷумла чунин омадааст: «Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди пешбинигардида равон карда, баланд бардошгтани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнатро ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли 2021 баёншуда соли 2022 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра 1382 адад коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кори нав мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2022 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад