ҲАМОВОЗӢ БА ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ. «Иқтисоди сабз» кафили рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебошад

Январь 9, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ чанде қабл аҳолии ҷаҳон ба 8 миллиард нафар расид ва афзоиши аҳолӣ боиси зиёд шудани истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бештар истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мегардад. Ин дар навбати худ ҳаҷми партовҳоро зиёд ва сифати ҳаётро паст мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷанбаи муҳимро ба эътибор гирифта, дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки дар кишвар бояд роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад. Дар робита ба ин мақолаи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадраҳим ЮСУФӢ ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид, ки манзури хонандагон гардонида мешавад.

Бо мақсади хотима бахшидан ба раванди мазкур Созмони Милали Муттаҳид солҳои ҳаштодуми асри ХХ «Консепсияи рушди устувор – зиндагӣ бидуни зарар расонидан ба наслҳои оянда»-ро тартиб дод. Дар асоси он модели «Иқтисоди сабз» тавлид ёфт, ки бояд оянда ҷойгузини модели то ин дам амалкунанда гардад.

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба ин мавзуи рӯзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Чунончӣ, 23 декабри соли 2022 Пешвои миллат дар Паём иброз доштанд, бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.

Мувофиқи ҳисоботи «Bloomberg NEF» барои то соли 2050 ноил шудан ба сатҳи сифрии партоби карбон давоми солҳои 2026-2030 барои бунёди неругоҳҳои офтобию шамолӣ ҳамасола дар ҷаҳон 1,5 триллион доллар маблағгузорӣ бояд кард. Соли 2021 ҳаҷми ба истифода додани иншооти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон 227 гигаватро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020- ум 4,7 фоиз зиёдтар аст. Сармоягузорӣ дар ин самт ба 755 миллиард доллар расид. Маблағи дар ин ҷода сарфнамудаи шаҳрвандони алоҳида дар тамоми мамолики дунё 40 миллиард долларро ташкил дод.

Тибқи пешгўии нашрияи маъруфи «The Economist» пас аз 10 сол дар сайёра ягон ширкати бузург нахоҳад монд, ки эҳтимолияти хатари тағйирёбии иқлимро ба назар нагирад. Аз ин рӯ, мавзуи «иқтисоди сабз» дар мадди аввал хоҳад буд.

Пешвои миллат ин ҷанбаи муҳимро ба эътибор гирифта, дар Паёмашон таъкид намуданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгўинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз», бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.

Мувофиқи маълумоти Фонди ҷаҳонии табиати ёбоӣ (WWF) иқтисоди ҷаҳонӣ ҳар рўз аз ифлосшавии ҳаво бо сабаби истифодаи сўзишворӣ 8 миллиард доллар зарар мебинад. Бо мақсади кам кардани ихроҷи газҳои парникии нақлиёт дар бисёр кишварҳо рў ба нақлиёти барқӣ оварда истодаанд. Аммо неруи барқ дар аксари ин мамлакатҳо дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол мешавад, ки он ҳам ба сўзишворӣ ниёз дорад. Дар кишвари мо бошад 98 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Президенти мамлакат дар Паёмашон ба масъалаи мазкур дахл намуда, чунин иброз намуданд: «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рўи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», кишвари мо дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд. Аз рўи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад. Дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нефтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд».

Сармоягузорӣ ба «иқтисоди сабз» дар баробари овардани манфиатҳои иқтисодӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани саломатии одамон гашта, дар маҷмуъ ба ҳалли бисёр мушкилиҳои иҷтимоӣ низ мусоидат мекунад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон як долларе, ки барои барқароршавии ҷангал сарф мешавад, оянда 30 доллар манфиати иқтисодӣ меорад. Як миллион долларе, ки барои тавлиди «энергияи сабз» сарф мешавад, боиси таъсиси 16,7 ҷойи нави корӣ мегардад. Ин рақам дар неругоҳҳои бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда 5,3 ҷойи кориро ташкил медиҳад.

Соли 2017 ба соҳаи «Энергияи сабз» дар ҷаҳон 280 миллиард доллар ва ба энергияи бо сўзишворӣ фаъолияткунанда 103 миллиард доллар саромоягузорӣ шуда буд. Солҳои минбаъда низ ин нишондиҳанда ба манфиати энергияи «сабз» буда, дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дарбар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони кишвар мегардад.

Муҳаммадраҳим ЮСУФӢ,
Раиси Комиссияи экологии МН МО ҶТ

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 9, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун гузаронида мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Бохтар сохтмони 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
Кишоварзон дар беш аз 4 ҳазор гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузарониданд
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд
Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Дар Вашингтон имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид
Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд