Дар Алҷазоир ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок кард
ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар доираи сафари кории ҳайати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни ҷаласа Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парлумонҳои Қазоқистон, Бангладеш ва Туркия аъзои комиссияи иқтисодии Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ интихоб гардид.
29 январ ҳамчунин ҷаласаи кумитаи умумии Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он низ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз байн бурдани фақру нодорӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ дар қаламрави давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ — ин тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни мамлакатҳои аъзо ва иҷрои барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Созмон ба ҳисоб меравад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






