Дар Нуробод вобаста ба татбиқи самараноки имтиёзҳои соҳаи сайёҳӣ ҳамоиш доир шуд

Январь 3, 2023 11:13

ДУШАНБЕ, 03.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ ва омода кардани мутахассисони ихтисосманд ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

«Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард»,-гуфта шуд зимни ҳамоиш.

Дар кори ҳамоиш намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, масъулини сохторҳои ноҳия ва субъектҳои хизматрасони сайёҳии минтақа иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки тибқи санадҳои қабулгардида, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Нуробод аз 6 ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак иборат мебошад. Дар ҳама ҷамоатҳои қаламрави ноҳия мавзеъҳо, чашмаҳо, ёдгориҳо, чаманзорҳо, дараю кўлҳо хеле зиёданд, ки баҳри рушди сайёҳӣ мувофиқ буда, аз мавзеи сайёҳӣ будани ин сарзамин шаҳодат медиҳанд.

Таърихи ноҳия низ қадим аст, шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон таърихи мавҷудияти онро беш аз 3000 сол медонанд, макони тиҷорату савдо, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт.

Дарбанд маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозаи байни ду водӣ: Қаротегин ва Дарвоз буд. Роҳи савдои ҷаҳонии Абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва бешак, сокинонаш бо дигар минтақаҳо робитаи қавии тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд.

Дар ҳамоиш масъулин  масъалаҳои мубрами соҳаро тариқи саволу ҷавоб якҷо бо иштирокчиёни ҳамоиш муҳокима намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани имконияти хизматрасонии минтақа манзур намуданд.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2023 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад