Дар ҳудуди шаҳри Душанбе мониторинги минтақаҳои хавфнок гузаронида шуд

Январь 31, 2023 19:36

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омодагӣ ба обхезиву боронҳои баҳорӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, аз қабили обхезӣ, сел, ярч аз ҷониби мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чаҳор ноҳияи пойтахт минтақаҳои эҳтимолан хавфнок ва манбаъҳои офатҳои табиӣ тадқиқ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023» пеш аз мавсими боронҳои пай дар пайи фасли баҳори имсола ташхиси минтақаҳои ба ҳолатҳои фавқулода осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Тадқиқот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — ҳудуди маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поён, Нодир, кӯчаҳои А.Мухторов, маҳаллаи Навобод, селпартоҳои Дуғоба, Қиблаӣ ва Қамчин, дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаҳои Бӯстон-1, Бӯстон-2, Бадахшон, селҷамъшавии Лойоб ва Охтоқ, селпартоҳои Қаротегин, Шӯрак ва истгоҳи насосии «Кофарниҳон», дар ҳудуди ноҳияи Сино — маҳаллаҳои Лучоби боло ва поён, Пахтакор, Чортути боло ва поён, Маҳмадшоҳ ва канали «Янгичоряккорон» ва дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ — дар маҳаллаҳои Сарикиштӣ, Чимтеппа ва ноҳияи 63 гузаронида шуданд.

Санҷиш нишон дод, ки минтақаҳои хавфноки  тафтишшуда дар ҳолати муътадил қарор доранд.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ташкили тадбирҳои омодагӣ ба боронҳои шадиди  баҳорӣ хабар дод.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 31, 2023 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд