«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН!». Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд

Январь 29, 2023 12:31

ДУШАНБЕ, 29.01.2020  /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷашнгоҳ.

Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда буд. Дар атрофи  он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Сада  муовини Сарвазири Ҷумҳуриии  Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ,  инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд,  ки «Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд».

Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Бо ин умед марди деҳқон каландашро ба замин мезанад, то дар фасли баҳор ба ҳосили фаровон замина гузорад. Деҳқонон дар айёми Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ даст­рас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайраро амалӣ мегардонанд.

Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ  бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.

Чун анъана бонувони тоҷик аз ҳар гӯшаву канори мамлакат хони идона оростаанд, ки дар он хӯрокҳои миллӣ, ки хоси ҳар минтақаи ҷмуҳурӣ дониста мешаванд, гузошта шудаанд.

Азбаски Сада ҷашни кишоварзон мебошад, иди касбии  олимони соҳа низ ба шумор меравад. Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди мазкур,   рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амния­ти озуқавории мамлакат ба кишоварзон тавсияномаҳо пешниҳод намуданд.

Бори аввал дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гӯшаи имконоти сайёҳии мамлакат пешниҳоди иштирокдорони тантанаҳои идона гардонида шуд.

Дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бори аввал намоиши омӯзиши ҳунармандӣ, рӯнамоии сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ,  малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон, намоиши мошинҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имконияти сайёҳии кӯҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуда, маводи иттилоотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор карда шуд, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.

Дар анҷоми тантанаҳои идонаи ҷашни Сада  ба кишоварзон ва  фаъолони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Доир ба ҷашни Сада шоирони классику муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони аҳли дарбор чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шаҳриёрони ориёӣ  шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, суҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардидааст.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло сурудааст:

Дарвозаи Наврӯз аст ҷашни Садаи Меҳан,
Бигзор фурӯзон бод оташкадаи Меҳан!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2023 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад